Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз роҳ хабари омадани Туро мепурсам. Ба кӯҳи рӯ ба рӯ бо андӯҳ менигарам, ки шояд дилаш ба ман бисӯзад ва бигӯяд, ки Ту ҳамин ҳолӣ хоҳӣ омад. Аммо ҳар ду хомӯшанд. Намехоҳанд бигӯянд, ки Ту меоӣ.

Ва ман дар ҳама умр бори аввал дармеёбам, ки танҳоям. Ин лаҳза чашмам пуроб мешавад ва дар миёни об Туро мебинам. Ҳамчунон механдӣ. Ва он рӯмоли сафеду куртаи сабзат бас зебат медиҳад. Аммо чаро аз роҳи об меоӣ, бароям ҳеҷ маълум намешавад.

Ба ман ин пирамарди хаста аз рӯзгор гуфт: «Ба қадри ин зиндагии ширинат бирас».

Ва ман дар тааҷҷуб афтодам, ки Туро ӯ чӣ гуна дидааст?

Бо ҳеҷ нафаре ошиқпеша дар он диёр рӯ ба рӯ наёмандӣ, ки аз ман ёд меовардӣ? Ё омадию маро аз ёд бурдӣ?

Дидӣ, ки як зимистони бас сард омад? Мегуфтӣ, ки баҳор ҳеҷ рахти сафар дигар намебандад. Ё ба ҷону дил Ту ӯро хостаӣ, ки дарёбӣ ман бо ин сардӣ чӣ хоҳам кард? Ва ҳеҷ наяндешидӣ, оне ки аз сардии дилҳо намурда, аз сардии зимистон ҳам ҷон ба саломат мебарад?

Ҳамаро ба ид табрик гуфтӣ. Ҳеҷ ёд наёвардӣ, ки бе Ту ин ошиқи зор чӣ гуна ид хоҳад кард?

Ишқ агар сад бор даратро бизанад, барои Худо, як бор онро бикушо. Бикушо ва бовар бикун, ки он ба сурати ман нахоҳад омад.

Дар оинаҳо, ки ҷамоли худро ба шодмонӣ мебинӣ, ба ёд ор, як бор ба ёд ор, ҷавоне ошиқпеша аз тамошои он бо андӯҳ маҳрум шудааст.

пешина
аз 210
навбатӣ