Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Он рӯз ба як ранҷиш рӯй аз ман гардондӣ. Аммо бовар доштӣ, ки фардо ба зорӣ боз дили Туро меҷӯяму меёбам. Ва дидӣ, ки аз диёрат рафтам ва замоне раҳгузарон маро аз Ту мепурсиданд, мегуфтам: «Ин номро ҳеҷ боре нашнидаам ва ҳеҷ намешиносам». Пас аз ин буд, ки роҳи бозгаштро ҳам аз ёд бурдам ва худро барои умре ба ихтиёри фаромӯшӣ супурдам.

Бар Ӯ бигӯед, ки ман ҳеҷ гоҳ ба суроғи он дили девона намеравам ва ҳам аз Худо зорӣ намекунам, то боз аз ошиқонам бигардонад, ё андак меҳрро дар дили сангаш бипарварад.

Бар Ӯ бигӯед, ки ба он модари пираш асо бидиҳад ва ба чашмони камнураш бинигарад.

Бар Ӯ бигӯед, ки ман ғуруби офтобро хостаам ва дидаам боғбони пир як дарахти пурбори себро буридаасту месӯзад.

Бар Ӯ бигӯед, ки он дафтараки пур аз таронаи маро дигар ҳеҷ гоҳ накушояд ва навиштаҳои пурдардамро нахонад. Аммо агар бигӯяд, ки ман Ӯро дӯст медорам, ҳеҷ бовараш накунед, агарчи бас ашк мерезад ва қимати марворидро аз байн мебарад. Охир, агар дӯстам медошт, на маро чун чӯби тар месӯхту мегирёнд, на худро фиреб медоду шуморо дар ранҷ мегузошт,

Ба чашмонат чу менигарам, дармеёбам, ки дӯстам медорӣ. Аммо он чи ки аз забонат мешунавам, ин ҳақиқатро мебинам, ки аз миён мебарад. Оре, он замон ҷавоне пеши назар меояд, ки бас зебост. Ба Худо, бар ӯ ҳасад намебарам, агарчи дар ҳама умр Туро ҳамроҳ мешавад. Аммо дилам бароиш месӯзад, ки Худованд беҳтарин неъмат — ишқро насибаш нагардонидааст.

Аз ҷавоне сухан кардӣ, ки Туро имрӯз боре дидаву дил додааст. Ва мепиндошт мо дар оташи рашк месӯзему хокистар мешавем. Оҳ, дили мо бар он бечора сӯхт, ки як умр дигар бахт ба суроғаш намеояд ва бо ҳазор дарди ниҳон ба хомӯшӣ

пешина
аз 210
навбатӣ