Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Бигӯ, ки ҳеҷ касро ба ҷуз ман дӯст намедорӣ. Бигӯ, ман ба чашмони Ту дар ин ҳол наменигарам ва худро бовар мекунонам, ки дар ҳама умр ин суханонро бори аввал ба мани дилбастаи худ мегӯӣ. Бигӯ, охир, боре Туро барои ин дурӯғ дар оташ намесӯзанд, аммо маро аз он наҷот медиҳанд.

Дунё чун як олиҳае пеши назарам омад. Аз нигоҳаш таронаи меҳру вафоро хондам, аммо ҳеҷ нагуфтам, ки ин навиштаи кист. Ба Худо, эҳсос кардам, ки Ӯ аз ин меранҷад ва дигар лаҳзае бад-он зебоӣ дар ҷилва намеояд. Аммо бе ин ки як дилдодаи худро бо лутфе умед бубахшад, рафт. Рафт ва бад-он сурат рӯзе барнагашт. Оҳ, агар замоне биёяд, ки дар мӯйҳои сари ман сафедӣ дамидааст ва ё ман панҷаҳои ӯро сафед дарёбам.

Дунёро, гуфтӣ, ки дӯст надорем. Ва мо дӯсташ надоштем. Аммо дидем, ки андар он ниҳон омадӣ. Ӯро он замон аз ошиқон дарёфтем, Оре, аз ошиқони Ту. Ба дилдодагӣ ҳеҷ оромие надошт ва ҳама аз меҳр мегуфту вафо. Хушбахтӣ ба муҳаббаташ рашк мебурд ва шодӣ ашк мерехт. Агар ҳам мегӯем, ӯро дӯст намедорем, аз он аст, ки гуфтӣ дӯсташ надорем. Аммо барои мо ҳанӯз ин роз нокушода аст, ки чаро онеро, ки Туро дӯст медорад, дӯст надорем.

Дунё як рӯз дар сурати модари ман омад. Сарбанди сафед дошт ва куртаи зебои пур аз гули сурх. Аммо ҳамчунон аз назарам гузашт, ки гӯиё маро ҳеҷ гоҳ пеш аз ин надидааст ва ҳам нашнохтааст. Хостам бо садое ӯро аз роҳ баргардонам ва чун як фарзанди содиқ дар оғӯшам бигирам.

Ба Худо, он лаҳза дар ҳама умр аз ӯ ношунавотар касеро дарнаёфтам. Ва ҳам ҳар ду поям аз ин номеҳрубонӣ шикаст.

пешина
аз 210
навбатӣ