Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Ва ҳам як рӯз чун шамолак мевазад, хокистаратро намехоҳад ба диёри он ҷавоне, ки бас дӯстат медошт, бибарад.
Ман ин гулҳоро аз роҳи дур овардаам. Агар ҳам дӯсташон намедорӣ, барои Худо, обашон бидеҳ. Як рӯз ба поси ин гулҳои бахти ту низ мешукуфад ва ҷавоне онро харидор мешавад, ки ҳазор солаш меҷустӣ.
Дигар он дили бечораи ман дар кӯи Ту аз ман ҳеҷ ёд намеорад. Медонам, дар ин ҳол маро барои тамоми зиндагӣ фаромӯш месозад.
Агар Ту рӯзе онро нахоҳӣ ва аз кӯи худ биронӣ, ба кадом дар рӯ меорад?
Аз Ту ёд меорам. Овози гиряи кӯдаке ба гӯш мерасад. Ва ба берун менигарам. Шамолаки форам суруди тобистонро барои дилҳо мехонад.
Моҳ афсӯсе дар ниҳод дорад. Ситораҳо ба роҳи омаданат ҳама нигоҳ мешаванд. Чӣ касе боз мегӯяд: таронаи он Ёрро барои мо кӣ меорад?
Дурӯғ нест, агар мегӯям Туро дӯст медорам. Пас аз он ки ин як сухани ширинро аз ман шунидӣ, гӯш ба ҳарфи моҳи чаҳордаҳ ва ҷӯи равон бидеҳ. Аз шамолаки форам ва кӯҳи побарҷо ҳам бипурс. Ба Ту хоҳанд гуфт: «Оре, ӯ Туро дӯст медорад». Агар ҳам бовар намекунӣ, ба он сӯе, ки офтоб мебарояд ва рӯшнои оламро мужда аз рӯзи хуш медиҳад, бирав. Гулҳои сурхи садбарг ҳам хоҳанд гуфт: «Ӯ Туро дӯст медорад».
Медонам, он гоҳ ҳар ду чашми сиёҳатро ба дастони сафедат мепӯшӣ ва сарат чарх мезанаду маро мебинӣ, ки давр мегардам. Дар даст гули садбарги сурх надорам ва ба пешвозат наметавонам бибароям, аммо аз чашм бо гиря ба пеши пои худ пораҳои ҷигар мерезам ва умед ба кушодани дари баста ҳеҷ намебандам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё