Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Он гоҳ ба гиря пузиши ин гуноҳи бузургамро аз ӯ мехоҳам ва илтиҷо мекунам, то бипурсад, ки ин зиндагӣ рӯзе рӯ ба рӯи ман дар ин ҳазор сол боре хандидааст? Агар ҳам мисли Ту, эй Ёр, дурӯғам бигӯяд ва умедам бубахшад, ки хушбахтӣ ҳама дарҳоро аз имрӯз ба рӯям мекушояд ва марг хомӯш бимонад, дармеёбам Ту бо марг ҳам сохтаӣ.

Ба Худо, ба ноумедӣ дар ин хона менишинам ва ҳамчунон мегӯям: «Дигар ба суроғам маё». Замоне, ки марг ҳам маро садо бикунад, гӯш ба садояш намедиҳам ва ҳам ӯро чун Ту бевафо мехонаму дарро ба рӯяш намекушоям.

Дар суруди ин марди хаста аз худу рӯзгор як андӯҳ аст, як андӯҳе, ки он дар сухан намегунҷад ва ҳам наметавон гуфт аз оҳанг бармехезад. Мебинам, мешунавам, ки ҳам овозаш меларзад ва дилаш метападу чашмаш мепараду рангаш меканад. Ва ман ӯро дар ин суруд аз ёд мебарам ва Туро пеши назар меорам ва ҳам он рубобамро, ки кӯдаконам торҳояшро гусастаанд. Он гоҳ дилам мегиряд ва ғам ба тасаллояш меояд, аммо ҳеҷ номи Туро бар забон намеорад.

Медонам, хушбахтӣ дигар ба суроғат наомад. Насими фораме низ аз кӯи Ту нагузашт. Абрҳо аз гиристан боз наистоданд. Ғам пушти дарат нишаст ва нагузошт шодӣ вориди хонаат бишавад. Оҳангҳо аз торҳо ғирев бардоштанд ва аз пеши чашмат рафтанд. Чашмаи ҷӯшони диёрат хушк шуд. Хандаҳои хоҳаронат дар лабҳо парсин бастанд. Афсонаҳои бародаронат дар дилҳо мурданд. Гулаки наврӯзиро кӯдакон бароят наёварданд. Баҳори хуррам раҳи омаданро дигар кард. Парастуҳо ба лонаҳои худ барнагаштанд. Ва чаро пас аз ин ҳам нахостӣ ёд аз ин ошиқи деринтизорат биёйӣ?

Ба ноумедӣ аз кӯи Ту рафтам. Ва ба духтараке дар роҳ рӯ ба рӯ омадам, ки мехост умедам бубахшад ва маро ёри худ бихонад ва ҳама умр бо ман бимонад. Он гоҳ аз Ту ёд

пешина
аз 210
навбатӣ