Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа
-- Не, мо намедонем, вай ҳар чил рӯз омада, аз аҳволи мо хабар гирифта, як ҷамолашро нишон медиҳад, мо чил рӯзи дигар хурсанд мегардем.
Вазирзода боз ҳафт шабу ҳафт рӯзи дигар роҳ гашта, ба ҷое расид, ки чил кас ҷуфт ронда замин шудгор мекунанд. Аз асп фаромада, салому алек карду камтар об хост.
Обро бошитоб нӯшиду баъд пурсид:
-- Ин замину мулк аз они кист?
-- Аз они Водареғ.
-- Ҷою маконашро намедонед? - пурсид вазирбача.
-- Не, мо ҷою маконашро намедонем, гуфтанд ба ӯ.
Вазирзода оҳи бадард кашид, як деҳқони мӯйсафед ба чашмони ӯ зеҳн монда пурсид:
-- Писарам ба ту чӣ алам расид, ки ин қадар оҳи бадард кашидӣ?
Вазирзода саргузашташро гуфта дод. Мӯйсафед гуфт:
-- Писарам, савдои мушкиле ба сарат афтодааст, ҳоло ҳам дер нашудааст, ба ҷони ҷавонат ҷабр кардан нахоҳӣ, аз роҳат гард.
Вазирзода гуфт:
-- Барои ман роҳи бозгашт вуҷуд надорад, ё ба мақсадам мерасам, ё сарамро дар ин роҳ қурбон мекунам.
Мӯйсафед ин гапро шунида гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё