Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа
Як вақт вазирзода дид, ки дег хоп-холӣ, ҳайрон шуду «оббо, шарманда шудам-ку» - гӯён саросема як деги дигар ош пухт: таг сӯхтаву миён хому боло ланҷ. Ошро дам партофта буд, ки сиёҳпӯш омада:
-- Ҳа, канӣ оши пухтаат, бисёр гурусна мондам, - гуфт.
Вазирзода ошро кашида омад, Водарег вақти хӯрдан гап назаду баъди хӯрда шудан гуфт:
-- Бародар, ман нагуфта будам, оши нағз паз. Ту чӣ хел ош пухтӣ?!
Вазирзода чӣ хел ошро хӯрда рафтани девро нақл кард.
Водарег гуфт:
-- Пагоҳ ту ба ҷанг меравӣ-ю, ман ош тайёр мекунам. Аспи маро гир, либосҳои маро пӯш, ҳеҷ кас намефаҳмад, ки паҳлавони дигар ҷанг мекунад.
Рӯзи дигар вазирзода сару либоси Водарегро пӯшида, ба аспи Водарег савор шуду ба ҷанг даромада лашкари душманро аз як тараф қир кард. Водарег палав пухт, тайёр шуда буд, ки дев омада пурсид:
-- Камтар хӯрок надорӣ, бисёр гурусна мондам?
-- Даро дар ошхона ош ҳаст, камтар гирифта хӯр! - гуфт Водарег.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё