Зеҳн
Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа

АдабиётАфсона
Аз аввал хондан

Эраҷ дар қатори ҳама хурсанд буд ва дар ҳар як машғулияти идона иштирок менамуд.

Вай дар чавгонбозӣ чолокӣ ва ҳунармандии комил зоҳир намуда, якчанд бор аз рӯи асп гӯйро ба дарвозаи ҳарифонаш дароварда сазовори таҳсину офарини мардум гардид.

Тирандозӣ сар шуд. Як ангуштаринро нишона монданд. Бисёр ҷавонон тиру камон гирифта, ба нишон тир андохтанд. Танҳо Эраҷ ва ду нафар ҷавони дигар тирро аз ҳалқаи ангуштарӣ гузаронданд.

-- Ин душвор нест! - гуфт Эраҷ. - Тирандоз агар ҳунарманд бошад, се тирро ба ҳамдигар андӯхта метавонад.

-- Ту, ки ин хел мегӯӣ, - гуфтанд мардум, - ҳунаратро нишон деҳ!

Эраҷ тиру камон гирифта, пои чапашро тиргак карда, қоматашро камтар ақиб партофта, як тир ба дарахт зад, тири дуюмаш ба тани тири якум ва тири сеюмашро ба тани тири дуюм рафта даровард.

Ғулгулаи таҳсину офарин ба осмон печид.

Рӯзи дуюми ид Эраҷ ба ҷӯраҳояш аскарбозӣ таклиф кард. Вай ҷавононро ба ду гурӯҳ ҷудо карда, як гурӯҳро лашкари душман, гурӯҳи дигарро лашкари муҳофизаткунанда эълон намуд. Эраҷ дар ин бозӣ низ ҳунари калони лашкаркашӣ доштани худро нишон дод.

Рӯзи сеюми ид аз деҳаҳои атроф якчанд паҳлавонон омаданд. Эраҷ ҳам бо рафиқони худ ба майдони гӯштингирӣ ҳозир гардид.

пешина
аз 44
навбатӣ