Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
– Тундар-а? Рашид? – Ба таъкид мепурсид Ҳусейн паёпай бинӣ кашида. Баъд бо завқи беҳудуд хитоб кард: – Эҳ!.. Баҳор, баҳор!..
– Хирс аз хоб бедор мешавад, – таъқид кард Рашид. Сонӣ ба дарун равона гашт. – Ку, рафта нигарам. – Вай ҳар рӯз ду-се маротиба ба дарун рафта, хирс бедор шудааст ё не, хабар мегирифт.
– Мо – ду кас ба ҳамон камар мебароем, – гуфт Самеъ камари болоро нишон дода. – Вай ҳисобаша ёбад.
Ин лаҳза боз садои гирифтаи тундар омад.
– Дар ун ҷа одам ба зӯр меистад-ку... ягон илоҷи дигар нест?
– Дар куҷо руст мешавӣ?.. Хирс бӯйгир аст.
Аз торикӣ Рашид баромада омаду хабар дод:
– Хирс бедор мешавад... Баръало, сах-сахт нафас гирифтос, ҷунбидос, – гуфт вай хушнуд ба рӯи шариконаш нигариста. Сипас, ба таҳи дар рафта лаҳзае гӯш доду бо завқ хитоб кард: – И-и, борон-ку!
– Ҳа, борон, – Ҳусейн ҳам гӯш ба девор ниҳоду тасдиқ кард.
– Соз шуд! Барфа тез мешӯяд, – гуфт Самеъ.
Лаҳзае аз миён гузашту оби борон аз байни барфу санги дар, ки Рашид харошидаву тарошида ба андозаи як ошдон кофта буд, таровида ба дарун омад. Ин обаки гилолуд чӣ суруре ва шодмоние овард! Ҳар яке ба он даст тар карда ба рӯи худ мемолид. Ҳар яке бо ҳасрат ва изтироби беқиёс ба он об менигаристу аз дил хуноба мерехт. Рашид аз об ҳеҷ нигоҳ бардошта натавонист. Аз дилаш мегузашт, ки ин об аз берун, аз дунёи озоди ӯ меояд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё