Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳам одат мекардааст. Чунон ки ба дурӯғ гуфтану дурӯғ шунидан, ба ҳаромкорию ҳаромхурӣ одат мекунаду бепарво, карахт мегардад... – Сипас, хаёли вай ба омӯзишгоҳ, муаллимону ҳамсабақонаш пайванд хӯрд: – Таътил тамом шуд. Ҳамдарсҳо чӣ мегӯянд-а?.. Духтарҳо гиря мекунанд... Ҳатман гиря мекунанд... Азим мана ду шаппотӣ зад, ҳамаашон фарёд бардошта ба вай дарафтода буданд... Баъзеашон гириста сар доданд... Ҳозир хонаамон азохона будагист? Барои рӯзи ҳафти ҳар яке аз мо дар хонаҳомон яктагӣ мол мекушанду ба халқ ош медиҳанд. Ба болои мурда сад чӯбаш ҳамин-да! Набошад...”
– Хушӣ ба хушӣ розӣ нашавад, дар худи ҳамин ҷа очаша... – Самеъ аз ғазаб ҷӯшида, бо дашном овоз сар доду риштаи хаёли Рашидро бурид.
Рашид оҳиста пойҳояшро дароз кард, сонӣ хамёза кашиду бархоста нишаст ва чашмонашро молид.
– Хез, қатӣ рафта, хирса мекушем! – Самеъ дар даст шофи аз зарби қайроқ ялаққосӣ бо дағдаға ба сари Рашид омад, – Хез, дигар гап нест!
– Гӯш кун, ту ҳар кор карда метавонӣ, лекин агар нахоҳам, мана ба ягон кор маҷбур карда наметавонӣ! Ҳашт сол дар як синф хонда, наход нафаҳмида бошӣ? – гуфт Рашид пинакашро вайрон накарда.
– Ман аз гушнагӣ мемурдагӣ бошам, аввал тура мекушаму сонӣ худам мемурам.
Аз ин таҳдид ғазаби Рашид ба якборагӣ фаввора заду ба сӯи Самеъ чунон нигарист, ки беихтиёр дандонҳои ба ҳам фишурдагиаш ғиҷиррос заданд. Вай дар дасташ чойник барин сангеро дида, ба худ омад. Авзои ӯро дида, Самеъ паст фуромаду узромез гуфт:

пешина
аз 192
навбатӣ