Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

решаю алаф ҳам, мадори ҷустуҷӯ ҳам намонд. Кӣ медонад, ё хирса куштан беҳтар аст?..”
– Ту гоҷ будӣ! Аз зан ҳам батар будӣ! – мегуфт Самеъ бо ғазаб ба Ҳусейн. – Ба Худо, куҷоҳора рӯи хотир мекунам, набошад, дар худи ҳамун ҷа ба сарат якта зада мекуштаму хирс кушт мегуфтам.
Аз суханони вай нафрати Рашид ҷӯшиду бо кароҳат рӯяшро тофт. “Ҳар чӣ ба даҳанаш ояд, мегӯяд... Дурусттар андешам намегӯяд. Бачаи хурд барин... Ин сахтӣ бачара ба аслаш овард... Чиро рӯи хотир мекардагӣ бошад?..” Сонӣ аз беҳолӣ соате ҳама хомӯш ва ором буданд. Садои хурраки Самеъ ва Ҳусейн Рашидро ҳам ба хоб овард.
Аз хоб чашм кушодан ҳамоно Самеъ хамёзакашон боз сухан сар кард:
– Ман барои хӯрдан реша дорам... Ба ҳар дуи ту азоб...
Пага аз ҷоят нахеста пой дароз мекунӣ... Худо хоҳад, ман худам зинда мебароям... Анор аз они худам...
– Э, мон, ҳамин хел гапота...– даст афшонд Ҳусейн. Вай пай намебурд, ки Самеъ барқасд ин суханҳоро мегӯяд. Ғарази Самеъ бо ҳамин ба дилҳо ваҳм ангехта, онҳоро ба куштани хирс водор кардан буд. – Буз дар ғами ҷон, қассоб... Медонӣ, чанд рӯз ба ғайр аз алаф ҳеҷ чиз нахӯрдаем?
Рашид барои ҳисоби рӯзҳоро гум накардан ҳар пагоҳӣ аз хоб бедор мешуду аввал як дона сангчаро аз замин бардошта ба рӯмолчааш мебаст. Шумори сангчаҳои рӯмолчааш то рафт меафзуданду вай онҳоро ҳар бор шумурда ба дилаш таскин мебахшид, кӣ баҳор меояд. Борони баҳор барфҳоро зуд мешӯяд.
– Ҳашт рӯз шуд. Худам нашумурдаам, ана, ун Ғирғирак ҳамин хел гуфт-ку, – вай ба сӯи Рашид, ки чашмонашро наку-

пешина
аз 192
навбатӣ