Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

даркорӣ “дилёб мегӯянд”. Лекин додом мегӯянд вай ба ғайр аз калонҳо дигар одама одам ҳисоб намекунад...”
– Гумонат, вай ягон ҷонвар аст? Не! Агар ҷонвар бошад ҳам, кайҳо мурда пашмаш мондагӣ, гуфт ногаҳон Самеъ. Сонӣ бо алам ба Рашид рӯ овард: – Ҳамин ғора кӣ кофтагӣ, ба падараш лаънат! А, Рашид? Ғор чӣ хел пайдо шудагӣ, намедонӣ?
– Намедонам.
– Худаш аз азал ҳаст, – гуфт Ҳусейн.
– Барои чӣ “аз азал” дар дигар ҷо нест? – эътироз кард Самеъ.
– Аҷаб не, дар қабати кӯҳ намак ё оҳак, ё ягон чизи дигари дар об ҳал мешудагӣ будаст. Намак об шуда рафтагӣ, ҷояш ғор шуда мондагӣ,– фаҳмонд Рашид.
– Барои чӣ дар ҷои дигар намак не, дар ҳамин ҷо будаст?
– қонеъ намегашт Самеъ.
– Э, мон, ҷӯра, қуввати даҳан кушода гапзанӣ надорам, – гуфт Рашид ва оҳиста паҳлу кашиду чашмони беҳолаш худ аз худ пӯшида шуданд.
Чашм пӯшиду модараш пеши назар омад. “Ҳамеша дилҷӯю меҳрубон, атрофиёнро мудом ба муросою мадоро ташвиқ мекунад, аҷаб модари нармдилу меҳнатнасиб дорам, – аз дил гузаронд Рашид. – Ноҳақӣ кунанд ҳам, сахт расанд ҳам, вай ба шӯр намеояд... Моро ҳам ба гузашткорию хатобахшӣ талқин мекард, баъзан аз тезию ситезахӯии ману додом малул ва озурда мегашт. Мудом гапаш ҳамин буд: “Ҳеҷ қисса не, дунё саҳнаи гардон аст, ҳар кас бад кунад, ба бад гирифтор мешавад...” Кӣ медонад, балки ақидаи вай ҳам асосе доштагист.
Муаллим дар мактаб мегӯяд, ки номуросо шав, аммо ҳаёт...
Дунё, зиндагӣ саҳнаи гардон аст гуфтанаш дуруст, лекин то

пешина
аз 192
навбатӣ