Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
мурданама зӯр мезанам ҳамуна гирам... Сонӣ, якта мошин мегирам... Ана, сонӣ завгар, мудири анбор ё хоҷагӣ шуданиам.
Агар бахтам тобаду кассир шавам... Сайфӣ барин худхурам
намешавам. Ҳар рӯз гӯсфанд кушта, ҷӯраҳома арақу коняк қатӣ зиёфат мекунам... Эҳ, агар Анора додот ба ман медоданд...
– ба Ҳусейн муроҷиат кард вай.
– Бас, лаққидан... Баҳудаю беҳуда номаша ба забон нагир. Тақдираш ба кӣ рафтагӣ бошад, вақту соаташ расад... –
гуфт Ҳусейн монанди калонсолон бо тамкин ва қиёфаи ҷиддӣ.
– Ман хостгор мефиристонам! – гуфт Самеъ сухани ӯро
бурида. – Ку, кӣ ҳад дорад ба вай талабгор шавад?! Зада
ҷоғаша мешиканам...
– Рашид, навбати ту! – ба рӯи вай нигариста хитоб кард
Ҳусейн. – Руст намекардагӣ гуфтем.
– Чира руст мекунам?! – китф дарҳам кашид Рашид. –
Агар зинда аз ин ғор бароем... Хонда духтур мешавам. Орзуям духтури нағз шудан аст.
– Ҳеҷ набошад, сардухтури ягон беморхона мешавам
гуй, – луқма дод Ҳусейн.
– Не, ман қобилияти роҳбарӣ надорам.
– Ин, ана, вай ҷароҳи номдори район ҳаст-ку... номаш чӣ
буд? Ана, ҳамон барин шудан мехоҳад. Ҳар рӯз ба ҳавлиаш
гӯсфанд, қуттӣ-қуттӣ чизу чора мебиёранд, – гуфт Самеъ.
– Не, ҷӯра, гумонат беҷо. Ман ин хел шудан намехоҳам.
Нон кӯр кунад, кӣ намехоҳам, – қасам хӯрд Рашид. – Аз кори
ман одамон розӣ бошанд, бас.
– Хуб, боз чӣ?
– Дигар ҳеҷ... Ҳолӣ ягон духтара нағз надидаам.
– Ту пир шавӣ ҳам, аз духтарон тарсида мегардӣ.
– Наметарсаму... ҳамту, шарм медорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё