Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
барин ба биниам бӯи мурда меояд. Ягон кас мо барин афтодагию мурда мондагӣ. – Дасти Ҳусейн ба мӯяш расид.
Ин суханро шунида, ба дили Рашид ҳам ваҳм афтод,
вале ба шариконаш сир надод.
Онҳо дар равшании хираи қӯр зери пой ва гирду атрофро дида, хотирҷамъ шуданду дар ҳамон ҷо қарор гирифтанд.
Рашид ду-се чӯбчаи хушкро аз таги пой ёфта, ба болои лахта
монда пуф кардан гирифт.
– Мон акнун, – норозиёна ғурунгос зад Ҳусейн. – Аз ин
ҷо гурехта боз ба куҷо меравем?.. Вай ҷонвар аст ё ягон одами
мурдагӣ, кӣ медонад. Ман аз мурда метарсам.
– Натарс, ба дарё афтодагӣ аз борон наметарсад.
Рашид бо як дасташ заминро палмосида-палмосида як
мушт хасу хошоки хушк ғундошту лахчаро ба рӯи он монда,
баъди пуфу куфи зиёде боз алав даргиронд. Шӯълаи он сангу
шохҳои азимеро, ки девору шифт ва фарши ин нақби табииро
ташкил мекарданд, хира бошад ҳам, ба чашм намоён кард.
– Ҳамин ду чӯбча дар гирад, ба даст мегирему рафта
ҷонварата мебинем, Ҳусейн, – боз ба ӯ мусаддеъ шуд Рашид.
– Аз афти кор, аҷал тура ба ҳамон ҷо мекашад. Рости
гап, агар аҷал накашад, ин хел шилқинӣ намекардӣ.
– Парво накун, ту аз қафо биё. Ман то чӣ будани уна набинам, дилам қарор намегирад.
Чӯбчаҳо даргирифтанд. Аммо Ҳусейну Самеъ дарун
рафта нахостанд.
Рашид шаш-ҳафт қадам рафт, аммо дилашро ваҳм гирифт. Алав ҳам хомӯш мегашт. Вай бо ҳамин баҳона боз ба
қафо гашт.
Гуруснагӣ кори худро мекард. Ҳамаи ин беҳавсалагӣ бар
асари бемадорӣ ва кам-кам хомӯш гаштани фаъолияти ҷисми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё