Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ми он рӯз хасмайда ғун кард. Ҳатто аз шифти ғор тори тортанак ҳам ба дасташ печад, ғун мекард. Пас аз чораҷӯиҳои зиёд оқибат рӯзи дигар вай илоҷи чароғдаргирониро ёфтам гӯён хурсанд аз ҷо бархост. Астари палтояшро дарронда пахта гирифту равғанеро, ки аз решаи мисковак гирифта буд, ба он молид ва гӯгирд заду онро ба пахтаи равғанин дошт. Вале он часар-чусур карду дарнагирифт. Равғани мисковак намесӯхт.
Рашид боз ҳам рӯҳафтода нашуд. Қабати санги роғҳои шахро даст-даст карда, оқибат ба ширеш монанд чизе ба ангуштонаш расид. Вай онро ба пахта молида пилта сохт. Пилтаро гӯгирд зад. Он монанди чароғи мил-милак оҳиста даргирфт. Самеъ саросема як чангол хасу хошоки хушкро, ки Рашид тайёр дошта ист гуфт, ба алав наздик овард. Хошок оҳиста даргирифт. Онро ба таги дар монда, ба рӯяш аз шоху шиббаи хушк бо эҳтиёт шикаста ниҳоданд. Ҳар се гӯё хазинае ёфта бошанд, аз се тараф истода, ба сари он оташи хурд хам буданд.
Оташ даргирифта, дуди борики он ба шифти ғор печид.
Онҳо чунон хурсанд буданд, ки гӯё роҳи халосиро ёфта бошанд. Ҳусейн зуд мӯзаашро кашида, пойҳои қариб як ҳафта боз шах шудагиашро ба оташ дошт, пойтобаашро ба гирди алав паҳн кард. Дигарон ҳам ба ӯ пайравӣ карданд.
Дақиқае нагузашта дуди талх чашмони онҳоро сӯзонда, ашкашонро равон кард. Лаҳзае аз миён гузашту ҳар се ҳам бетоқат шуда аз ҷо бархостанд, аммо худро ба куҷо гирифтанашонро намедонистанд. Ҳама ҷоро дуди ғализу талх гирифту ҳар се беист сурфа мекарданд.
Самеъ оташро лагатмол карда хомӯш кардан хост, аммо Рашид монеъ гашт.
– Накун!.. Бештар дуд мекунад.
– Худамона бо дасти худамон куштем! – ба ваҳм афтод

пешина
аз 192
навбатӣ