Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
анор, шакалот, атр, ҳар чӣ-ҳар чӣ доданд. Тӯтӣ-хола ба сумкааш андохт, сумкааш пур-пур шуд… Тағо, тағо, ба ман нигаред, Тӯтӣ-хола якта афлесуна даррав пӯст канда, хӯрд.
Чунон ширин будаст... — ӯ лабонашро лесида монд.
— Ба ту ҳам дод?
— Не.
— Пас, аз куҷо донистӣ, ки он ширин аст?
— Ман пӯсташа гирифта дидам… Нахӯрдаам, ҳамту,
бӯй кашидам, — таъкид кард вай. — Зӯҳрову Мурод ҳам
гирифта бӯ карданд. Ман гуфтам, ки ин афлесуни мо! Модари
ман ба Тӯтӣ-хола дод. Ина дадаам аз Маскав оварданд. Зафар
мегӯяд, ки модараш ба Тӯтӣ-хола норанҷӣ овардаст. Дурӯғ
мегӯяд! Норанҷӣ ҳозир нест-а, тағо? Норанҷӣ ҳоло напухтааст.
Апаам табъи болидаи духтарашонро дида, мамнун сар
ҷунбонданду зери лаб “Сабил монад, рӯи чиз ин қадар гарм
аст…” гуфтанд. Гапашонро шунавед, — “рӯи чиз гарм
будаст!..” Баракс, дар ҷойҳои мо “рӯи одам гарм аст” мегӯянд.
Апаам ҳам нағз медонанд, шунидаанд, аммо ҳозир шаҳрӣ
гашта гапу кори моро аз ёдашон баровардагӣ. Дар шаҳр рӯи
чиз гарм-дия... Охири охирон одамони деҳа ҳам ҳамин хел
шаванд, сонӣ чӣ мешавад? А?..
Ман ду-се рӯз ба мисоли минае, ки танобаш месӯзаду
ҳолӣ ҳозир ба таркидан наздик аст, бо азоб дамамро ба дарун
гирифта гаштам. “Бемаънигӣ... Савдогарӣ ба ҷиҳати тарбия
ба тарбияи фарзанд… Ибрати нохуш, зарарнок…” дар ин боб
ҳамаи осори мутолиа кардагиамро ба ёд оварда, худ ба худ
норизогӣ доштам, бо ким-киҳо хархаша менамудам...
Баъди ин як воқеачаи хурди аслан ба гуфтан ҳам
намеарзидагӣ рӯй доду аз чӣ бошад, ҳаври дили ман хеле
пасанда гашт. Намедонам, балки ман ҳам ба зиндагии шаҳр

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё