Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

деҳа гузаштан, дар як майдони офтобрӯи соҳили рӯд, ки сечор бех тути камшоху барг дошт, тӯдаи одамон ва
мошинҳоро дида, аз роҳ истодем. Ҳамроҳони ман зуд бо
шиносҳояшон вохӯрӣ карда, саргарми ҳазлу мутоиба,
ҳолҷӯию ҳолпурсӣ маро фаромӯш карданд.
— Ҳамин ҷа ҳам ҷо шуд?! Э, қоил, кӣ ин ҷора ёфт-а? —
мегуфт амаки Муҳаммадраҷаб бо овози баланд ба ошноҳояш.
— Э, напурсед “Дӯзахи тап-тайёр”, — фиғон мекард як
марди солдидаи зиёинамо.
— Ҳеҷ гап не, аз чашм дур... хотирҷамъ... — таскин
медод дигаре.
Бо амри саркорон ду-се нафар ҷавонон аз деҳа белу
каланд оварданду зери як бех тути нисбатан серсояро ҳамвор
кардан гирифтанд.
Ҳаво метафсид. Аз сару рӯи ҳама арақ мешорид. Дар
шохи тути канорӣ ду қафаси руйпӯшида овезон буд. Ҳамроҳи
мо — ҷавони бинитез бо амаки Муҳаммадраҷаб пичир-пичир
карду сипас ба қафо гаштаравон гуфт:
— Ҳозир, оҳиста мебинем...
— Ҳой, гард! — амак дар қаҳр ӯро аз роҳаш гардонд. —
Ҷӯра, ақлат ба ҷояш ё?.. Мон, беғавғо шинем.
— Ҳамту, як мебинам. Намехӯрам-ку! — аз раҳаш гашта
омада, ғут-ғут кард бинитез.
— Ҳама гап дар сари ҳамин як дидан, — амак калимаи
“як”-ро бо задаи махсус таъкид кард. — Вақти ба бозӣ мондан,
чӣ хел аввал ту кушо, сонӣ ман гуфта, талош мекунанд,
намебинӣ?!
Амак бо шиносҳояш дар хусуси кабку кабкдорӣ ба гап
даромад. Ман аз паи обхӯрӣ ба тарафи рӯд рафтам. Дар қадқади наҳр аз якдигар дур-дур боз се-чаҳор нафарро дидам, ки

пешина
аз 192
навбатӣ