Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
дигар чой мехӯрд. Ӯ маро диду ба ишора ба наздаш хонд.
— Ҳозир меравем, шинед, ана, як пиёла чой, — вай баъди саломуалек аз паҳлуи худ ба ман ҷой доду як пиёла чой дароз кард.
Ҳамроҳони вай — яке марди ҳамсинни худаш, вале баръакси вай лоғарандом, пеш аз вақт қоматаш хамидагӣ, дигаре як ҷавони аз муйсафед ҳам миҷмориғи нӯги бинниаш дарафш барин тез, ки як панҷа мӯи сиёҳаш аз як тарафи пешонӣ ба болои чашми росташ афтода, дили касро танг мекард, ба ман зиёда эътибор надоданд.
— Акнун ба мо иҷозат, — ҳазломез шумхандае намуду ба ҳамроҳонаш рӯ овард амаки Муҳаммадраҷаб. — Ман мошини ин кас катӣ меравам. Худо раҳи мора кушояд, шумо ҳам таксӣ-паксӣ ёфта расида мерафтагистед.
— Э, намуред, шумо, чиба барвақттар намегӯед? — ғайриихтиёр аз ҷояш бархост ҷавон ва саволомез ба чашми гӯянда баъд ба ман нигарист. — Ин каса нигаред, мора ба гап андармон карда шиштиянд-е!
— Ба мошинатон мо ҳам меғунҷидагистем?! — пиракии қадхамида як бор ба чашми ман, як бор ба чашми амаки Муҳаммадраҷаб нигарист.
— Бемалол, — гуфтам ман.
— Кисетона мековед-дия, — гуфт амаки Муҳаммадраҷаб ба шариконаш хитобан. — Ҳозир бензин қиммат, запчасть — ноёб.
— Ҳеҷ гап не...
— Шумо барин бойако бошаду мо пул барорем, айб аст.
Аз дилам гузашт: “Ин амаки Муҳаммадраҷаб қиморбоз бошад ҳам, қиморбози гузаро барин. Даҳанкалониаш, ба атрофиён озод, бетакаллуф сухан гуфтанаш, худбоварӣ ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё