Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
— Канӣ, аробета каш!.. Маймун бозӣ доронда истодагем не!
Ман бо дили нохоҳам дур шудам. Аммо хушбахтона, хаймаи мо дур набуд. Ба хайма даромадаму аз дари кушодаи он кори ӯро тамошо кардам. Вай мори пухтагиашро, ки ба як чӯбчаи хушку қоқ мубаддал гашта буд, ба шишае андохта даҳонашро руст карду ҳамроҳаш бурд ва бо ин кораш маро боз бештар ҳайрон кард.
Аз ин воқеа як ҳафта гузашту ман онро қариб фаромӯш кардам. Фаромӯш накарда бошам ҳам, дигар ба ёд ҳам намеовардам. Лекин дар байни ҳамкорон гап-гап шуд, ки Аҳмад-акаро як мори айнакӣ таъқиб мекардааст. Сараввал ба ин гап бовар накарданд, вале онҳое, ки ҳамроҳи ӯ дар як хайма мезистанд, тасдиқ карданд, ки ду-се бор аз хайма баромада он морро дучор кардаанд. Мор ҳамин ки онҳоро дид, ба даруни буттазор гурехта аз назар панаҳ мегаштааст.
Ҳама мегуфтанд, ки мор қасоси ҷуфташро гирифтанӣ. Аҳмадака дигар танҳо намегаштагӣ шуд. Ба дарёча дастурӯйшӯӣ рафтанӣ бошад ҳам, аввал пеши раҳашро сангчаборон мекард.
Ба дари чодараш хорпуштакеро бо ресмони дароз баста монд.
Ман сабаби ин кори ӯро аз Барака пурсидам, гуфт, ки ҷое, ки хорпуштак ҳаст, мор наздик намешавад. Баъзе ҳамкорон ба Аҳмад-ака маслиҳат доданд, ки ба гурӯҳи дигар ба кор равад.
— Ин мор ба ту сахт қасд кардаст, Аҳмад, — мегуфтанд онҳо. — Ягон моҳ ба бригадаи Обиди Рӯзӣ рав. То як моҳ ҳам кори ин ҷоро тамом карда, ба тарафи Оби Хингов меравем.
Аммо Аҳмад-ака аз чӣ бошад, ба маслиҳати онҳо розӣ нашуд. Барои чӣ розӣ нашуд, ман аниқ намедонам. Худ ба худ мегӯям, аҷаб не нангу номус гиребонашро гирифт. Як умр ин насақ ба номи вай мемонад, ки аз мор гурехта рафт.
Мардум ин ҳодисаро то қиёмат аз ёд намебароранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё