Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Эҳ-ҳе-е! — Занҷир табассуме намуду нидо баровард. — Ана, барои ҳамин гуфтам, ки ҳанӯз хостгорӣ барвақт аст. Кадом духтар ба одами саҳлу паҳл шинос сири дилашро гуфтаст?!
Кабир ба дил иқрор кард, ки Занҷир ҳоло ба вай яку якбора сири дилашро намегӯяд, аммо андаке бошад ҳам, аз саргузашти вай, аз вазъи хонаводааш огоҳӣ ёфтан мехост.
— Ҳеҷ набошад, камтар худатонро шинос кунед.
Рости гап, дили маро алағда кардед,— гуфт Кабир оҳиста хоҳишомез .— Ҳамту ишора кунед, бас.
Аз дилаш гузашт: «Гумонам бегонахӯии Занҷир асари ғурури ҳусн ва худбоварии ҷавонӣ аст, не, сояи дарду мусибат барин. Ба сари ин духтар чӣ хел нохушӣ омада бошад? Аз ин хусус ҳеҷ кас ишорае накард.
Иринаю Салима медонистагистанд, аммо чаро як даҳан нагуфтанд? Агар шавҳар дидагӣ бошад, дар миёни ҳамкорон расо хандахариш мешавам. Балки намеханданд, ҳозир ба бева хонадор шудани ҷавонон ҳеҷ касро ҳайрон намекунад. Аммо аҳли маҳалла механданд, таъна мекунанд. Не, агар бева бошад, хонадор намешавам...»
Ҳоло ҳисси шаҳват дар вуҷуди ӯ туғьён карда, мехост ба Занҷир наздиктар бишинад, бо дастонаш дасти ӯро бигирад, мӯйҳояшро навозиш кунад, бибӯяд, бибӯсад.
Аммо ҷиддияти авзои духтар шасти ӯро мегардонд.
Дар нимроғ шуду ҷавонзани сиёҳҷурдаи гесӯбуридае сар дароварда ба ҳар яке бо диққат, алоҳида-алоҳида нигарист ва боз дарро пӯшид.

пешина
аз 538
навбатӣ