Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вай ба ин мақсад гуфт: — Дурусттар фикр кунед, Кабир ако, шумо ҳанӯз кию чӣ будани маро намедонед, аз сари ман чӣ ғавғо гузашта аст, хабар надоред. Духтари тоҷик хешу пайвандашро тарк карда, аз сари ҳавову ҳавас ба шаҳр намеояд.
Ҳар ду ҳам баъди ин суханон дуру дароз хомӯш буданд.
Кабир ба чашми духтар нигариста монд. Аз дилаш гузашт: «Дарвоқеъ, чаро аз ин хусус фикр накардам?
Аҷаб не, ин духтар зани ягон кас бошад. Аз хонаи шавҳари ҷоҳил гурехта бошаду ман ӯро харидорӣ карда, обрӯямро резам, боиси мазоҳу масхара шавам... Ё боз аз ҳамон ҳазлҳои бемаъниашро сар кард? Ба ҳар ҳол духтари бамаънӣ будаст, ки ин гапро гуфта, маро ҳушьёр кард. Балки як сағираи бекасу кӯй бошад, дар ба дару кӯ ба кӯ гашта калон шудагист, барои ҳамин метарсидагист? Сухани падарам дуруст, кирои хешу табор гаштан тӯбу тухмааш одаму одамшаванда бошаддия. Аз хонадони дуруст барин менамояд. Агар аз он хел духтарони безот мебуд, кайҳо домани маро сахт медошт. Дигарон ҳам аз ӯ умедворанд, зӯр зада гаштаанд. Боз кӣ медонад, алои одам аз дарун мегуянд.
Э, не-е, метарсам, ки ин духтар боз маро мазоҳ мекунад».
— Хуб, ман розӣ. Ҳоло то сабаби ба шаҳр омаданатон ва умуман, саргузаштатонро нагӯед, аз ҳамин ҷоям намехезам, — гуфт оқибат Кабир аз андеша сар бардошта.

пешина
аз 538
навбатӣ