Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Чунон ки дар химия обро ғуломи натрий мегӯянд, як зарра намак дар ҷисми одам садҳо зарраи обро аз қафояш гирифта мегардад...»
— Ку, ҳама ба сари миз наздиктар шинед, — Салима меҳмондорӣ оғоз кард.
Ба хӯрдану нӯшидан сар карданд. Духтарон ба Занҷир ҳам қадаҳе аз шароб рехта, наздаш ниҳоданд.
Салима ба ифтихори Кабир ба тариқи нӯшбод сухане гуфт ва дугонаҳо қадаҳҳои худро холӣ карданду ба вай ҳамлавар шуданд:
— Э, гир, ин қадар сипоҳигарӣ накун. Кабир ҳолӣ хостгорӣ наомадаст. Инҳо шароб мехӯрдаст гӯён туро муттаҳам намекунанд, натарс. Ин корҳо дар деҳаи шумо гуноҳ аст.
— Ҳолӣ ҳам ту қишлоқӣ баринӣ, Занҷир. Туро ба шавҳар дода, шаҳрӣ насозем, дигар илоҷ не.
— Ман... охир, арӯсшавандаам, — арӯсҳои шарминро тақлид карда, ҳозиронро хандонд Занҷир.— Шарм медорам.
— Ҳозир занҳои деҳа бемалол арақу коньяк мехӯранд, — гуфт Кабир монанди одамони ҳолдону бохабар аз вазъи занони деҳот, вале сухани аз куҷое шунидаашро такрор кардани вай аён буд.
— Дуруст мегӯянд, ба ман арақу коньяк бошад, мехӯрдам. Ин шампанро духтарони нозукадои шаҳр мехӯранд. Ягон шиша коньяк наовардед-дия, акои Кабир. Ё ин арзонтар аст, чӣ бало?
— Масхарабозита мон, Занҷир, бигир, як қадаҳ шампан намекушад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё