Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Беарақ ӯро дар ин хона баста монӣ ҳам, намеистад».
Балки Кабир ҳам аз ҳамон хел шаробхӯрон будагист?
Ба корхона ҳушьёр омада меравад, лекин баъди кор бо чӣ кор машғул аст, кӣ медонад? Дар деҳа сиёҳу сафеди ҳар як кас аён аст, аммо дар шаҳр... Ҳама дар кӯча сӯфӣ барин мегарданду...
— Занҷир! Ҳушат куҷо рафт?... Меҳмон барин ин қадар ботамкин нишастаӣ? Чӣ гап шуд? Ту мизбонӣ.
баръакс, Кабир меҳмони ту, — бидиррос зад Салима риштаи хаёли ӯро бурида. Сонӣ ба дилат нагир гӯён оҳиста ба сӯи ӯ чашмакӣ зад.
— Хостгор ояд, духтар одатан, бамаънӣ мешинад, намедонӣ? Ба ҳавлиамон хостгорон оянд, модарам маро дар ошхона руст мекард, — гуфт Занҷир курсиашро ба миз наздиктар кашида. Баъд аз гуфтаи худ шармида, рӯяшро бо дастонаш пӯшид.
— Мон, камтар бамаънӣ бишинад, — луқма дод Ирина.
Кабир ба рӯи вай нигаристу нигоҳаш куртаи оддӣ ва ҷемпири обшустаи духтарро лағҷида гузашт ва сипас қоматашро росттар гирифта, ба рӯи ӯ бебок назар андохт. Аз дилаш гузашт: «Андаруни ин либоси оддию обшуста чӣ вуҷуди тозаву нозук, чӣ тиллои поку холисе ниҳон аст! Дуруст мегӯянд, ки тилло даруни лой ҳам медурахшад. Вуҷудаш оби поку мусаффо барине!
Афсӯс, дар танаш ягон либоси шинаму таърифбоб надорад, ки ба ту зебидаст, гӯён таъриф кунам.
Фарансавиҳо ба фарзандони ашроф усули дар як шаб чандин бор таъриф кардани сару либоси хонумҳоро меомӯхтаанд. Агар занро таъриф кунӣ, зан ғуломи ту мегуфтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё