Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Занҷир дар ин андеша буд, ки касе дарро оҳиста ангушт зад. Баъди он, ки рухсат шуд, дар оҳиста нимроғ гашту Кабир сарашро даровард.
— Рухсат медиҳед, духтарҳо? — вай бо овози бардам, мисли он, ки аз муқимиёни ин ҷо бошад, зоҳиран бепарво иҷозат пурсиду ба хона ворид гашт.
Гарданашро шах дошта, бо лабони фишурда, табассуми дандоннамо катӣ бо виқор дасти ҳозиронро сахт-сахт фишурда, салом карданаш, монанди қатраҳои оби бороне, ки аз лангари кулоҳаш ба рӯи фарши покизаи тахтагин мечакид, ба дили Занҷир боз нохуш асар кард.
Иринаю Салима зуд пеш омада, бо ҳазлу мутоиба меҳмонро марҳабо гуфтанду пальтою кулоҳашро гирифта овехтанд. Кабир зимни вохӯрию ҳолҷӯӣ асбобу ашьёи хонаро аз назар мегузаронд. Кати Занҷир, сачоқи гулдӯзӣ, пардаҳои кашидадӯзии каташ, сурати ба чорчӯба гирифтаи хонавода — ҳама як-як аз мадди назари ӯ гузаштанд. Баъд вай гулдони мисинро аз рӯи ҷевончаи Занҷир гирифта, тамошо кард, дастархончаи зери он ҳам аз назараш наафтод, ҳатто хам гашта, байти дар ҳошияи он гулдӯзиро қироат кард. Кабир каф ба каф суда, бо Иринаю Салима гуфтугӯ дошт, савол медоду ба пурсишҳои онон ҷавоб мегуфт, аммо чашмаш ба ин ашьё буд. Рӯи пурра ва сергушти вай мисли он, ки ба чӯби чормағз лок молида бошанд, сурх ва лайсу ҷилодор буд. Костюми қаҳваранг, галстук ва кафши ҳамранги костюмаш гувоҳи ҳол буданд, ки аз ин боб завқе дар салиқаи ӯ ҳаст. Дар сари синааш нишони сурхе зада буд, ки он ҳам бо рангу рӯ ва пӯшиши вай мувофиқати тамом дошт.

пешина
аз 538
навбатӣ