Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

тоҷик шаваму куртаю эзори тоҷикӣ бипӯшам. Хонаву ҷояш басомон бошад, касбу кораш ҳам. Сонӣ, арақхӯр набошад, серпултар, ҷавонмарди зиёитақлид, дилкашу базеб бошад-дия.
— Ғалатӣ... Ҳамон занакро ҳеҷ кас рус намегӯяд, тамом тоҷик шудаст-е! Сару либосаш ҳам, тарзи гуфтугӯяш ҳам, хислаташ ҳам. Нӯҳ фарзанд доштаст.
Сараввал занони тоҷик ба рус буданаш бовар накарданд.
— Дар деҳаи мо ҳам як украинзанак ҳаст. Як мардак дар ҷанг маъюб гашта, аз ҳамон тарафҳо овардагӣ.
Забони тоҷикиро нағз медонад, аммо тоҷик намегӯӣ, шикаста-шикаста сухан мегӯяд.
— Яке қобилияти забономӯзӣ дорад, дигар не, — сухани Занҷирро бурид Ирина. — Аз хурдӣ омӯзад, гапи дигар.
— Занҷир, ба мо шавҳари тоҷик ёб, мерасем. Лекин ман аз дуто зиёд фарзанд намекунам. Чӣ азоб? Як умр барои бачаҳо зиндагӣ мекардаам. Ман мемираму меравам, ҳар кадомаш кайфи худаш катӣ. Ана, падару модарам аз ман чӣ нафъ диданд? Ёфтагиам аз сару либоси худам зиёдатӣ намекунад, — гуфт Салима гӯё худ ба худ арзи ҳол мекарда бошад, оҳ кашида.
Занҷир муқаййиди он буд, ки агар Кабир ояд, ҳамхонаҳояш чӣ мегӯянд, чӣ хел муомила мекунанд, умуман, ба ин алоқамандӣ чӣ назар дошта бошанд? Дар назди Иринаю Салима гап кушояд, чӣ мекунам, чӣ мегӯям?

пешина
аз 538
навбатӣ