Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

сӯҳбати ман мафтунӣ, дар курта намеғунҷӣ, ин ҳолро ҳеҷ кас надонад ҳам, ман медонам.»
Занҷир то бегоҳ дар сари дастгоҳ буд, вале чашму дасташ ба кор банд, аммо ҳушаш ба ин савдо буд, ки ба Кабир чӣ ҷавоб диҳад, минбаъд бо ин ҷавон чӣ гуна муносибат дорад.
Зағӯтаи дастгоҳаш тамом шуду Занҷир зағӯтаи бузурги вазнаш бештар аз як пудро кушода гирифта ба девор рост карда монд. Аз дур калобаи ба бофтан тайёр монанди атлас ҷилва мекард. Калобаҳои атласбофиро цехи онҳо тайёр карда медиҳад. Ҳар як тораи рангин бояд дар дастгоҳи ӯ ҷои худро ёбад, вагарна нусха вайрон мешавад. Чашми Занҷир аллакай ба ин кор пухта гашта, торҳои чигил ва дарҳаму барҳамро бо якду зарби чӯбдаст рост мекард, риштаҳои кандагиро аз зағӯтаҳои болои дастгоҳ пайванд медоду дар як лаҳза тори атласи намози шом ё товус ҳамвор мерафт.
Ҳоло зағӯтабиёрон бедарак. Мардони машғули ин кор баъзан дар ягон гӯша ба чақ-чақ андармон мегарданду корро фаромӯш мекунанд. Амаки Орзумурод кам мондани зағӯтаамро дида гузашта буд.
Занҷир интизори зағӯта дақиқае чанд нишаст. Баъд бархосту ба назди ҳамкори наздиктаринаш рафта, дақиқае бо ӯ ҳамгап шуд.
— Зағӯта нест, чӣ кор кунам, намедонам, — китф боло мекашиду нотаъин савол мекард Занҷир. — Агар ба усто ё сардори цех раваму гӯям, ки зағӯта нест, дастгоҳро аз кор боздоштам, амаки Орзумурод меранҷад... Биё ҳамроҳ рафта зағӯта биёрем. Дар он ҷо мардон ғун гашта чойхурӣ карда мешинанд, тоқа худам шарм мекунам, — хоҳиш кард Занҷир аз ҳамкораш.

пешина
аз 538
навбатӣ