Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хайрият, ки тарақотуруқи дастгоҳҳои дигар баланд буд ва Кабир вазъи ӯро пай набурд. Баъд Занҷир ба чашмони ҷавон амиқтар нигаристу тасмим гирифт, ки гумонаш беасос аст, вай аз саргузашти ӯ бехабар барин, бинобар он, ба аломати инкор сар ҷунбонду гуфт:
— Шуморо нашинохта, надониста чӣ гӯям? Бозӣ магар? Сонӣ шумо ҳам ҳоли маро намедонед.
— Ҳазор кунед, ки инсон то ҳамхона нашавад, якдигарро намешиносад, намедонад. Зану шавҳар сонӣ- сонӣ бо якдигар мувофиқат пайдо мекунанд. Ё зан ба шавҳар ҷӯр мешавад, ё баръакс.
— И-и! Аз ин мебарояд, боз ҳамон расми пешин будаст-дия!.. Не, ман дар назарам ба шавҳар ҷӯр намешудагӣ барин метобам.
— Чунон ҷӯр мешавед, ки...
Кабирро даъват карданду суханаш дар даҳон монд.
Занҷир зуд «хайр» гуфту бо табассуми латифе ба чашми ҷавон нигарист ва дастгоҳашро ба кор андохт.
— Бегоҳ ба хобгоҳатон меравам, гапзанон мекунем,
— гуфт вай баргашта ба роҳи худ равон.
— Не-е, илтимос мекунам, набед, — Занҷир аз изтироб бо имою ишора инкор кард. Вай ба дил аз он хавотир буд, ки Кабир ба хонаи онҳо мераваду ин охирин мулоқоти онҳо мешавад. Чӣ кор кунад, ки худо аз шубҳаю нобоварӣ юғе ба гардани вай андохта ва аз ин юғ ӯро халосӣ нест барин...
Кабир бо виқори махсусе, ки дошт, табассум карду рафт. Нигоҳаш, табассумаш мегуфтанд: «Ин суханонат инкор не, нозу нузи духтарона аст, ман медонам. Ту аз

пешина
аз 538
навбатӣ