Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
набошед, аз гулӯи мо ош-пош намегузарад. Дар ҳамон ҷои дилхоҳатон... ҳу-у... гурунҷи девзираи Панҷакент кати худи ҷӯраи искалодчимон мепазад...
Вай рафт, аммо ду нафари дигар ба майлу хотир менишастанд.
Як соат дарс гузашту занги танаффус боз чиррос зада садо дод, фурсате нагузашта долон боз пурмағал гашт. Ба назди декан боз ду-се нафар кормандони факультет ва сардорони гурӯҳ даромада, баромаданд. Фақат як нафар духтарак, аз курсҳои поёнӣ, монанди ӯ интизори қабул истод.
Донишҷӯён ба дарси дуюм даромаданду Орифӣ дар иҳотаи ҳамсӯҳбатонаш аз идора баромад. Ғаюрро гӯё надида бошад, беэътибор, саргарми гуфтугӯ гузашта берун рафт.
— Ғаюр алам кашиду аз қафои ӯ тохта рафтанӣ шуд, аммо худдорӣ кард. «Ҳеҷ гап не, вазнин шудан даркор, — гуфт ӯ худро таскин дода. — Як-ду моҳ монд, дағдағаю дамдамаи ин одам ба сари мо мегузарад. — Баъд дар пеши тирезаи қабулгоҳ нишасту нақшаи гуфтугӯяшро бо декан фикр кард:
— Гуноҳи ман чӣ, ҷавоб пурсидам, иҷозат надод, «имрӯз раву фардо биё, ҷавоб-павоб нест», гуфт, ба ночор рафтам. Агар аз донишкада хориҷ кунанд ҳам, мерафтам. Модарам бемор, мӯҳтоҷи ёрдами ман хоб асту як шаб рафта рӯзи дигар меомадаам...
Ҳайронам, — мегуфт вай дар дил, — охир дигарон мераванд-ку... Ғалатӣ... Гӯё ин одам модар чӣ буданашро намедонад. Аслан, ин хел одамони кинадору дилсахтро чӣ хел модарон зода калон кардаанд?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор