Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
ҷавоби гуфтаҳояшро нашунавад ё ба ҳарифи худ имкони сухангӯӣ надиҳад.
Лаҳзае ҳар ду ҳам хомӯш гаштанд.
— Ба ин ғӯли биёбон гап зану муомила шунав.
Охир ба ман гап бизан, ин касро чиба қатӣ мекунӣ?
— Баъди хеле вақт Ҳайдар овози магнитофонашро гирифту Ғаюр ба сухан даромад. Вай ба майли хотир, беасабоният, дар чеҳрааш ифодаи истеҳзаомез сухан мекард.
— Айба кӣ монад? Маъюб... Дар ҳаққи ман чиҳо гуфта гаштед, чӣ кор карда истодаед, медонам. Ба панҷ сол хонданам ҳайфам меояд, набошад...
— Чӣ набошад?.. Гап зан, канӣ фаҳмем? — гуфт Ғиёс хушнуд ба сӯи Ҳайдар чашмакӣ зада. — Аз дастат чӣ кор меояд, бадбахт? Агар метавонистӣ, кайҳо ту ҳамаро лагадкӯб ҳам мекардӣ, таҷовуз ҳам...
— Туро ҳар кор кунам, савоб мегирам.
— Ҳеҷ гап не, зарурати муҳофиза ҳуқуқ медиҳад, ки мо...
— Саросема нашав... Мебинам.... Ҳоло гап дар пеш... — овози магнитофонро боз баландтар кард Ҳайдар. — Вақте ки ҷазоҳои дигар таъсири зарурӣ намебахшанд, ҷазоҳои иловагӣ ҳам ҳастанд. Ҷазо дар кодекси ҷиноятӣ... — фарьёд зада мегуфт вай.
Ғаюр «ту катӣ кирои гап задан не», гуфтан хосту даст афшонд ва барои асбоби риштарошиашро шустан аз хона мебаромад, ки Мирзо аз дар даромад.
— Ҳой, ба ту нагуфтанд-чӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор