Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Натиҷаи чунин канораҷӯиаш буд, ки боре ҳангоми тайёрӣ ба имтиҳони навбатӣ дар чорбоғи донишгоҳ Адолати шартакигӯй ба бозувони вай, ба мушакҳои дасташ, ки аз кураи нимостин нағз намоён буд, лаҳзае дуру дароз нигариста монд. Баъд нигоҳи духтар аз як бозу ба бозуи дигари ӯ гузашт, сипас ба гиребони кушодааш. Ғаюр ҳайрон буд, ки ин духтари шӯху шаттоҳ аз бозувони ӯ чӣ меҷӯяд.
— Ҳа, чӣ дидед? — пурсид Ғаюр аз чунин нигоҳи духтар хиҷолат кашида. — Пайкаршиносӣ мекунед?
Ба кадом гурӯҳ дохилам?
— Э, ҳамту, худам... — гуфт Адолат хаёломез.
Баъд рост ба чашмони Ғаюр нигариста пурсид:
— Ғаюр-ака, агар як гап пурсам, қаҳратон намеояд?
— Чӣ гап будааст он? Чаро аз он қаҳрам меомадааст? — дилаш таҳ кашид, ки ҳабс шуданашро ва сабаби онро пурсидан мехоҳад. Ва барқвор аз хаёлаш гузашт, ки чӣ бояд гӯяд.
— Ҷӯраҳои худатон як гап паҳн карда буданд...
Ҳамон... Чӣ хел гӯям... Ман ҳеҷ чиз намебинам...
— Чӣ гап? Чиро намебинед?
— Гуфтанд, ки дар баданатон... Чӣ гӯям...
ҳамун... як хел ҷароҳат ҳаст-ку...
— Ҳа-а... — Ғаюр мақсади ӯро пай бурда, оҳи сабук кашид. Якчанд бор аз қафояш «пес, баданаш пес дорад» гуфтани Ҳайдару Ғиёс ба гӯшаш расида буд. Вай лаҳзае дар муқобили духтарон сархам, хомӯш, монду сипас гуфт: — Дар хурдӣ чойники

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор