Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Азбаски дар ин моҷаро гунаҳгор худаш буд, Ҳайдар мағалро калон накард. Ғаюр ҳам ба худ омада, аз тезии худ пушаймон, ба таҳдидҳои ӯ ҷавоб надода, сархам ба ҷониби хобгоҳ рафт.
Баъди ин воқеа аз муносибати ҳамсабақон ӯ чунин қиёс гирифт, ки аксар аз рафтори Ҳайдар не, балки аз муомилаи вай дар тааҷҷубанд. Вай фикр мекарду ҳеҷ сарфаҳм намерафт, ки чаро таҳқири Ҳайдар бегуноҳеро дар чашми ин ҷавонон як кори табиӣ ва қонунӣ аст, вале бечораеро ҳимоя кардани вай як навъ хавфи мубҳаме ба вуҷуд оварда.
Мантиқи ин гуна ақидаро идрок карда натавонистанаш Ғаюрро канораҷӯ ва мардумгурез мекард.

7

Ҳам дар овони пахтачинӣ ва ҳам дар тӯли таҳсил дар донишгоҳ, баъзан дар синфхона, баъзан дар хобгоҳ ба ҳамин монанд ҳодисаҳо гоҳ-гоҳе рух мезаданд, агарчӣ дигар бор кор ба мушту лағад нарасида бошад ҳам, дар панҷ сол мухолифати Ғаюр бо ҳалқаи Ҳайдар давом кард. Бинобар он, Ғаюр бо дастаи асосии ҳамдарсон, ки дар гирди Ҳайдар ҷамъ гашта буданд, беиртибот ва бегона барин монд. Баъзе аз ҷавонон Ғаюрро эҳтиром мекарданд, аммо аз Ҳайдар ва наздикон вай кебида, зиёда бо ӯ ҳамгап ва ҳамнишин намешуданд.
Ғаюр аз рафтори худ пайваста меандешид, фикр мекард, ки чаро ин хел бемуросо аст. Дар мактаби

пешина
аз 538
навбатӣ