Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Телпакашро диҳед, наранҷонед...
— Ҳа, бас акнун, рафиқон, хуб хандидем.
— Ҳа, кори хуб не.
— Ма-ма, гир! — Ҳайдар телпаки дар пеши пояш бударо ба Ғиёс пешниҳод кард, аммо ҳамин ки пеш омаду ба телпак даст дароз кард, бо зарби сахт онро ба бозигари дигар дод.
Мӯзаи Ҳайдар магар ба сарангушти Ғиёс расид ва ё ин хорӣ ба вай сахт асар карда будаст, ки ӯ якбора ба дашному носазо гуфтан сар кард. Ҳайдар ҳеҷ чашмдор набуд, ки ба қавли худаш «ин девонаҷулҳундӣ» ӯро, сардори гурӯҳро дар назди ҷамъ ин хел ҳақорати кабеҳ медиҳад. Ранги бе он ҳам камхунаш дока барин сап-сафед канд.
— Чӣ гуфтӣ, мурдор?... А? Чӣ гуфтӣ?.. Як бори дигар гӯй, падарлаънатӣ! — Ҳайдар ба Ғиёс рӯ ба рӯ рафту бо шаст ба рӯи вай торсакие фуровард.
Ғиёс фиғоне бароварду чашми латхӯрдаашро дошта, ба қафо гурехтанӣ шуд, аммо бо зарбаи лагади Ҳайдар парида рӯ ба замин афтод.
Ғаюр, ки бе он ҳам аз ин бозии нафратовари чор тан эркатулфор, ба қавли худаш, хунаш вайрон гашта буд, дигар худдорӣ карда натавонист.
— Чаро мезанӣ? — ӯ бо як авзои ваҳшатангез, ки тамоми вуҷудаш дарақ-дарақ меларзид, ба Ҳайдар рӯ ба рӯ рафт. — Чӣ ҳақ дорӣ?.. Ку, гап зан, бодича!

пешина
аз 538
навбатӣ