Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
мехонд. Шабдармиён навбати посбониаш мерасид.
Ба ин васила вай ба хонавода кӯмак мерасонд.
Лола ҳоло дар курси чоруми факультета иқтисодӣ таҳсили илм мекард. Алҳол муносибати ӯ бо Ғаюр номуайян, тира ва рӯҳшикан буд. Баъзан Лола бо ягон баҳона сари роҳи Ғаюрро поида меистоду соате ҳамроҳаш мерафт, дар симояш хушҳолии бардурӯғ бидиррос мезаду аз ҳар бобат сухан мегуфт, аммо сӯҳбаташ даргир намегашту оқибат малулу музтариб хайрухуш мекард.
Баъди аз ҳабс озод гаштани Ғаюр Лола дигар ба деҳа намерафт, аммо модари Ғаюр ҳар замон ба маркази район омада, ба хонаи онҳо занг мезаду ӯро бо ягон баҳона ба деҳа даъват мекард ва то аз ӯ ваъдаи рӯзи рафтанашро нагирад, гӯшаки телефонро намегузошт.
Бешак, агар модараш ба Лола ин қадар моил намебуд, Ғаюр кайҳо чашмашро мепӯшиду гуфтаниашро ба рӯи вай мегуфт ва як санги ноҳинҷорро аз синааш дур меафканд. Меҳри Лола ҳанӯз ҳам дар як гӯшаи қалбаш зинда буд, аммо ҳисси кину қасосро ӯ дар худ бартараф карда наметавониет. Аз ин рӯ вай дар миёни обу оташ афтода буд. Худ амин буд, ки меҳри Лоларо аз дил берун карда наметавонад, аммо гуноҳи ӯро бахшидан ҳам наметавонист. Акнун, ки модараш ин қадар ба ин духтар часпон гаштааст, Ғаюр ба ночор бо ӯ каҷ дору нарез мекард, вале охири ин муомиларо пешбинӣ карда натавониста саргаранг буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор