Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
мекунанд: «Додотон аз дасти як духтари шаҳрӣ гирифта кашола карда, се сол дар ҳабс буд»
мегӯянд.
— Не, халқ аҳмақ не, медонад. Ба ин хел кор кӣ қобил, кӣ қобил не, нағз медонад. Ана, аллакай фаҳмидаанд-ку! Парво накун.
— Парво накарда мешудаст, сабил...
— Хайр ба деҳа нарав. Ба шаҳр раву хон, ҳунар ёд гир! Дидӣ, ҳамдеҳаҳои гарангат бегуноҳии туро донанд ҳам, хап гаштаанд. Ҳой, ба ман нигар, як кор кун — худат хонда муфаттиш шав. Ана, сонӣ, ин корро аз нав тафтиш карда, гуноҳи он мантуратро ба гарданаш дайн куну номатро сафед намо! Беҳазл мегӯям.
— Ҳамин хел карда мешавад? — чашмони Ғаюр бо нури шодмонӣ дурахшиданд.
— Албатта. Ту ҳоло ҷавонӣ. Маълумоти миёна дорӣ. Аз ҳозир тайёрӣ бин, хон. Дар як сол чунон тайёр мешавӣ! Ман ёрӣ медиҳам... Лекин аз ин хусус дар ин ҷо ҳеҷ кас нафаҳмад. Фаҳмидӣ? Туро чунон омӯзам, ки ҳуқуқшиносони олам ба чангат расида натавонанд. Лекин қасам бихӯр, ки баъди тамом кардан прокурор намешавӣ.
— Кошки ҳамин хел мешуд!.. Агар бар ивази ин ранҷу азоби сесолаам ҳуқуқшинос мегаштам, як не, сад бор аз толеъ розӣ будам... Он лаънатиро ба гуноҳаш иқрор менамудаму дар назди омма судаш мекардам.
Дар тӯли як сол бори аввал ба дили Ғаюр ин гуна шавқу рағбати зиндагӣ шарора пошид, бори аввал дарду алами худро каме фаромӯш кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор