Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Ҳайронам... Намедонам. — Баъд лаҳзае андешиду гуфт: — Ба фикрам, ҷавон набуд... Дасти бачаи ҷавон ин хел намешавад.
Ба миён хомӯшӣ афтод.
— Аз ҷавонон бо киҳо наздик будед? Аз бачаҳои деҳа?.. Кӣ шуморо таъқиб дошт, раҳатонро мепоид?
А?.. Ё бо ҳавас менигарист? Аз нигоҳаш, ваҷоҳаташ пай намебурдед?.. Аз донишҷӯён кӣ ба шумо диққат мекард... Хайр, аз чашмаш, ҳаракаташ маълум-ку.
— Ҳайронам... Бо як бача шиносам, аммо... вай набуд.
Баъд аз пурсуҷӯ ва нависонависи бисьёре муфаттиш дигар шоҳидони воқеа ва муаллимони донишгоҳро низ пурсид, аз дар яке баёнотнома гирифту сипас раҳбари гурӯҳи донишҷӯёнро ҷеғ зада, амр кард, ки ҷавонон як кас намонда, ҳама саф кашанд, агар ҳар касе, дар саф набошад, номашро ба ӯ навишта диҳанд.
Муфаттиш ва дигар ходимони адлия як-як ба чеҳраи ҳар як ҷавон зеҳн монда нигариста, аз пеши саф гузаштанд. Баъд, он ду нафар ҷавони ба ҳимояи Лола расидаро боз ба идора ҷеғ зада, гап пурсиданд. Сонӣ роҳбарони деҳаро пурсуков карданд.
Ходимони адлияи район баъди он ки ду рӯз дар деҳа кофтукову пурсуҷӯ карданд, рӯзи сеюм бо ҳамон мошини газик ҳамроҳи раиси ҷамоа ба пахтазор рафта, Ғаюрро аз сари кораш гирифтанд.
Ҷавон ба ғазаб омад, суханони пасту баланд гуфт, дар худсарию беадолатӣ онҳоро муттаҳам кард,

пешина
аз 538
навбатӣ