Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Онҳо аксар ҳангом аз хусуси таҳсил, китобҳои адибон, таърих, театру музейҳои шаҳр сӯҳбат мекарданд. Ҳар як сухан, нишасту хез, нозу адоҳои духтар, донишу завқаш Ғаюрро мафтун мекард, барои вай нав, бетақлид ва махсуси ин духтар буду бас. Ҳафтае аз миён гузашту онҳо сӯҳбаткунон дар боғ чарх заданд.
Лола духтари резаустухони дилкаш буд. Нигоҳи содда ва эътимодбахши вай, овози маҳини диловезаш, табассуми беғубораш — ҳама ба Ғаюр дилписанд буданд. Ҳатто як дандони андаке рӯи дандони дигар афтодааш ҳам, ҳангоми хандиданаш гӯё ба ҳуснаш ҳусн зам мекард.
Ҳар бор, баъди сӯҳбати Лола Ғаюр илҳоми тоза мегирифт, гӯё фаҳмаш расотар, чашмаш бинотар мегашт ва тамоми рӯз гуфтаҳои духтарро гаштаю баргашта меандешиду ба фаросатмандии вай мафтун буд. Масалан, бори нахуст вай аз Лола шунид, ки мардони дорои истеъдоди фавқулодда даҳоёнаро ҳамзамонон нағз намешиносанд, зеро қобили идроки осори ӯ нестанд, вай аз завқу афкори замони худ пештар рафтааст... Ё худ дирӯз, гуфт, ки чаро ҳамдеҳагони шумо боғу полиз намекунанд. Сонӣ сири онро кушод. Ғаюр ҳеҷ наандешида буд, ки рафта аз шаҳр тухму гӯшт, харбузаю тарбуз, картошкаю мева харида омадани мардуми деҳа хуб нест. Дарвоқеъ, чаро имрӯз мурғ

пешина
аз 538
навбатӣ