Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Манучеҳр гоҳ замзама мекард, гоҳе ба гап даромада, маро дарди сар медод. Гўшам ба вай, аммо фикрам ба андешаҳои дигар банд буд. Хешовандони Рухсора, пеш аз он ки ба Ҷаводзода розигӣ диҳанд, ба деҳаи мо рафта, аз мардум кию чӣ будани тўбу тухмаи моро пурсидаанд. Муаллим инро ба ман гуфтанд, ҳатто худи Рухсора бехабар будааст.
– Баъди пахта Рухсора... пай бурдӣ, саду ҳаштод дараҷа дигар шудаст! – дар таги гўшам дод мезад Манучеҳр. – Ман акнун аз вай дилпур... Чӣ гуфтӣ?...
– Ман ҳам, – суханро мухтасар кардам, то ки хомўш гардаду ба фикру андешаҳои ман халал нарасонад.
Ман чиро фикр мекардам?
Агар гўям, ки баъди тамом кардани институт, ман ба мактаби ҳаёту зиндагӣ дохил шудам, сипас, ҳоло семестри аввалини онро ҷамъбаст кардам. Намедонам аз имтиҳони аввалини дорулфунуни ҳаёт гузаштам ё не?
Чӣ баҳо гирифтам? Агар худам одилона ба худам баҳо диҳам, ба ҷуз муҳаббати Рухсора, алҳол аз ҳамаи фанҳо баҳоям «2». Аммо гап дар сари баҳо не. Аз ҳама муҳимаш дониш, фаҳмиш ва таҷриба аст. Ҳамаи ин сабақи аввалини зиндагӣ аст ва набояд барои ман беасар бошад... Манучеҳр мегўяд, ки Рухсора дигар шудааст. Чаро дигар шуд, инашро гуфта наметавонад.
Аслан, вай дигар нашудааст, фақат кию чӣ будани маро донист, шинохт. Ба фикрам, одамон агар бо ҳам созгорӣ накунанд, ҳамҷиҳат набошанд, ин нишонаи он аст, ки онҳо якдигарро нағз намешиносанд.
Инак, саргузашти ман поён ёфт. Тафсилоти тўямонро навиштан ҳеҷ зарурате надорад. Ҳамаи тўйҳо қариб ба якдигар монанд. Тўи мо ҳам мисли тўйҳои дигар,

пешина
аз 538
навбатӣ