Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳама гапро дар ҳамон ҷо мефаҳмӣ, биё рафтем, – гуфт Манучеҳр аз бозуи ман гирифта раҳакӣ шуда. – Ин қадар дилтангӣ накун.
Аммо ба куҷо равонаанд, аллакай пай бурдам.
– Гўй аввал, набошад, намеравам, – раҳравон эътироз кардам.
– Ба хонаи амаки Рухсора меравем. Ба меҳмонӣ таклиф карданд. Гапро пур акуну омадан гир, – гуфт Манучеҳр ҳам аз инҷиқии ман зарда карда. Сипас ҳамроҳи Инобат пеш даромада раҳакӣ шуд.
Ману Рухсора оҳиста ба онҳо пайравӣ кардем..
Қаҳрам омаду дигар пурсуков накардам. Ҳеҷ намефаҳмидам, ки амаки Рухсора барои чӣ моро ба меҳмонӣ таклиф мекардааст. Аслан, вай одам дар чӣ бобате аз додараш дадаи Рухсора ранҷида, аз деҳа саргурез шудагӣ. Боре Рухсора ҳамин хел гуфта буд.
Ҳарчанд падари Рухсора кўшиш мекардааст, буғзи дили бародарашро барорад, ба гузашта салавот гўянд, аммо ин кас расман равуо кунанд ҳам, чандон часпон набудаанд. Акнун омада-омада хушдори духтари додарашонро ба меҳмонӣ хостаанд! Мурғи пухтагиро ханда мегирад!
Шубҳаю андешаҳои маро пай бурд магар, Рухсора шарҳ дод.
– Амаки Худойдод гуфтаанд, ки имшаб ҳамаамон ба хонаашон таклиф. Ҳу, рўзи аввал... дар ёдатон? Бегоҳӣ маро гирёндед? Сонӣ ба хонаашон рафтам?
– Медонам. Аммо ҳеҷ, намефаҳмам, он кас барои чӣ моро ба меҳмонӣ таклиф кардаанд? Ё бо супориши дадаатон?

пешина
аз 538
навбатӣ