Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Рухсора ҷавоби инкор гирифта, зери лаб хандидагӣ барин шуд. Ба ман чунин намуд, ки вай аз ягон сир бохабар аст.
– Чӣ гап, тинҷӣ охир? – лоқайд, бо як оҳанги сард пурсидам.
– Гуфта будам-ку, дар шаҳр як амакам ҳастанд.
Ҳамон кас аз ман шумора пурсиданд, – гуфт вай андаке сурх шуда, бо изтироб. – Инобатон ба он кас гуфтаанд.
– Ман худам ҳам як бор ба назди амакатон рафтанӣ будам. Ана, ин ғавғоҳо пеш омаду сарҳисобамро гум кардам.
– Акаи Манучеҳр ба шумо ҳеҷ чиз нагуфтанд? – бесаброна сухани маро бурид вай.
– Ҳа, гуфт, – гуфтам ман хабари маҷлисро дар назар дошта. Бо зарда даст афшондам.
– Аз афташ, худо оҳатона шунидагӣ барин, – асроромез табассум мекард вай.
– Чӣ гап? – пурсидам ман бо тааҷҷуб, балки хавотиромез...
– Ҳамту, худам, – сиреро пинҳон карданаш аён шуд, аммо дигар гўй гуфта исрор накардам.
Нимаи дуюми моҳи декабр ҳаво сард гашта, баъзан шамоли изғрин аз тарафи кўҳ барфи майда меовард.
Маълум буд, ки ба кўҳҳои атроф барф мебориду гардаш то ба шаҳр мерасид. Аёсаш сару рўи касро алмос барин мебуррид. Сурати ҳамонрўзаи Рухсора ҳамеша дар пеши назарам дар сараш тоқии парча, аз болои он рўмоли шоли тагаш сиёҳу гулҳои коса-косааш сурху сабз. Як нўги рўмолро аз таги гулўяш гирифта ба китфаш партофтааст. Чашмони ў ҳамеша ба ягон нуқта банд, ҷиддӣ, ба ман ҳамеша бо савол менигаристанд; лабони борикаш саҳл ва фарқаш рост кушодагӣ, як даста мўяш аз пешонӣ хамида, абрў ва чашми чапашро андаке пинҳон карда гузаштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор