Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

гиреҳҳои вазнини синаамро кушоданӣ, тамоми вуҷуди маро бо нур ва ҳарорати худ фаро гирифтан мехост. Вай ким-чӣ гуфт, аммо аз шиддати изтироб ва ғалаёни дил онро нашунидам. Аз табассуми вай ҳам навозиш ва ҳам маломат ва дилсўзӣ эҳсос кардам. Дар чашмонаш ашк ҳалқа зад ва дар як миҷа задан ду чашми сиёҳ ду коса об гашт. Бо хиҷолат рўй аз ман гардонду гуфт:
– Тамошои зўр нишон додед, – аммо дар ин гуфта низ таъна не, бештар тараҳҳум ҳис карда мешуд.
Ман ба чашми вай рост нигаристам. Ў ягона касе буд, ки ман ба рўяш бехиҷолат нигариста метавонистам, дар назди вай виҷдонам пок, гуноҳам авфпазир буд.
– Шумо баромада омадед... хаёлам ба ҳазор кўй рафт... Зиқ шудам, – гуфт вай гилаомез чашмонашро гардонда. – Сонӣ ба шаҳр омадем, ман ба деҳа рафтам...
Ба дилам ҳеҷ чиз намеғунҷид... Модарам катӣ ҷанг кардам... Ҳамаашон ҳайрон шуданд.
– Ҷанг кардед? Барои чӣ?
– Барои чӣ! – вай бо нозу нузҳои ширин ва эркагиҳои ба худаш зебанда маро сарфароз мекард. – Барои шумо... Рост. Чӣ ин қадар бечораро гаранг мекунед, гуфтам. «Бўғчаатро гиру рав, дафъи муминон шав», гуфт.
– Наход?.. Акнун чӣ кор мекунед? – намедонистам, ки аз ин ҷуръати вай хурсанд шавам ё хафа, аммо аз ваҷҳи дилмониаш бо модар сахт ба ташвиш афтодам.
Медонистам, ки ин ҳодиса барои вай андўҳи калон аст.
– Чӣ кор мекардам, ба хонаи шумо меравам, – шўхӣ мекард вай.
– Не, бешўхӣ мепурсам, чӣ кор мекунем? Охир берозигии онҳо...

пешина
аз 538
навбатӣ