Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

чунин ҳангом аз ҳасрати нокомӣ гӯё дармегирифт.
“Молу давлатам бошад, инакҳо ба амри ман нигарон, дастнигарам бошанду... тавба, дасту поям бастагӣ барин. Дар бачагӣ чистонёбӣ мекардем, мегуфтанд:
сабад пури анҷир, ҳаддат бошад, якта гир. Анҷираш ҳам, Занҷираш ҳам мана, маро бигир, гӯяду дасти ман ларзад, чӣ кор кунам?!. Оҳиста пеши додош биравам, пулу моли мехостагиша бахшаму гӯям, ки ҳамин фариштаро аз ин ҷойҳо дуртар бурда ба ман никоҳ карда диҳад. Хонаю ҷояша тахт карда медодаму рафтаву омада мегаштам. Ду зан доштагиҳо кам не-ку.
Рустӣ-рустӣ доранд. Ана, Ҳалим, барои ду зан гирифтанаш ҳабс ҳам шуд, ду сол гузашт, боз омада зиндагӣ карда гаштааст. Аслан, гап ба падару модараш.
Хайр, аввал дили духтарро андаке гарм кунам розӣ кардани додош кори саҳл аст. Ҳозир дилаш моил бошад ҳам, аз таънаю пичинги одамон тарсида розӣ намешавад. Ҳама китобхону телевизорбин шуданд, шавҳари калонсол гӯед агар, “и-и!” мегӯянд. Ҳеҷ кас намегӯяд, ки ҷавонон ҳолӣ кор карда, пул ёфтанашон зарур аст, зан шӯи бепула ба сараш мезанад?! Худаш дастнигару боз духтари як бечораро дарди сар карда гаштанаш касро месӯзад. Пештар мегуфтанд, ки ба духтар марди падараш қати ҳамсин шавҳар будан метавонад... Забони раис бастагӣ. Плони ҷувориро буд кардем гӯён рапорт доду камии анборро ба сари ферма зад. Бист тонн зиёдтар ҷувориро гӯё ба мол хӯрондем.
Бист тоннаро агар мол хӯрад, кафида мемурад. Ман ҳам ҳаждаҳ тонна кунҷораро гирифта, дили ёру ошноҳоро меёбам. Шукр, дар район таноби бахилу нотавонбинҳоро кашида монданд, вазифаҳои муҳим дар дасти одамони дуруст аст.

пешина
аз 538
навбатӣ