Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
ҳаво салқинии борон меомад. Ман пиҷакамро ба китфи Рухсора андохтам. Ду гесўи дарозаш аз таги рўймоли шоҳӣ лағҷида ба пасу пеш афтода, ўро бағоят дилошўб менамуд. Гесўҳо аз нисф поён нобофта буд. Ба ёдам расид, ки пештар дар деҳаи мо занону духтарон фақат рўзи азои сахт мўяшонро кушода мепартофтанд.
Ман аз Рухсора талаб кардам, ки боҷуръаттар бошад, ба падараш фаҳмонад, мо самимӣ якдигарро дўст медорем.
– Э, ба кадом руй мегўям, ки маро ба фалонӣ диҳед?
Ягон духтари тоҷик ин хел нагуфтаст!... Хайр, аҷаб не, дар шаҳр гўянд, якзайл эътироз мекард вай.
Ман ба шўхӣ гуфтам:
– Бед, ба ҳеҷ кас нафаҳмонда, ҳар ду аз қайди никоҳ мегузарем, аммо чунон ки будем, ба роҳи худ гаштан мегирем. Агар шуморо маҷбуран ба каси дигар доданӣ шаванд, мегўед, ки ана, ман аз қайд гузаштагӣ!
– Аз даҳанатон шамол барад... Мурданам авлотар...
Очаю додою хешу табора як тараф монед, ҳафт пушт авлодамон ба ман лаънат мегўяд. Нагўед, ки ҳатто нашунавам! Худо нигоҳ дорад!
– Хайр, бед ба ягон тараф баромада меравем. Ба ғайр аз шумо ба ман ҳеҷ чиз даркор не. Хоҳед, ба Мирзочўл ё Қазоқистону Сибир, ба ҳар куҷо хоҳед... – боз бештар ҷуръат гирифтам.
Ин ҳам шўхиҳои ба ғаши вай мерасидагӣ буд.
– Ҳим... Дадаю очаам духтарамо мурд гўён азо мекушоянд, – ҷиддӣ ҷавоб медод вай гўё ҳазлро нафаҳмида бошад.
– Баъди як-ду сол меоем, аз гуноҳамон мегузаранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо