Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

бағалам гузаронидаму аз сари китфи ростам кашидам.
Ба ин минвол ҳезуми ба китфам сахт бастагиро пуштора карда, аз кўҳ сарнишеб шудам. Рўзона яхи рўи замин тунукакак об шуда, зери пой лағжон гашта буд. Аз харсангҳо, аз буттаҳои бодому каҷҷак дошта-дошта хеле поён фуромадам. Аз нишеби лағҷонак фуромадан мадори касро хушк мекунад. Қариб ба поён расидам, буду шуд - саду панҷоҳ метр барин масофа монда буд, ки барои дамгирӣ дар пуштораам ҳезум оҳиста ба замин нишастам. Пойҳоямро рост кардам, дасти арғамчин печондагиамро беҳол ба поён партофтам, китфи озурдаамро аз зери бор гирифта, нафаси бароҳате кашидам. Фароғати ин лаҳзаро фақат одамони корафтода медонанд. Дилатон мехоҳад, ки соате аз ҳама кори ҷаҳон фориғ, озод ва бетааллуқ, дар ҳам ин ҷо, дар ҳамин вазъ хоб кунед... Аммо рўз бегоҳ шуда, арақи бадан зуд хунук мегашт. Арақатон хунук шавад, нағз не... Ман арғамчинро ба ду дастам печонда сахт кашидаму борамро ба пушт бардошта, аз ҷо хестанӣ шудам. Аммо бори вазнин аз боло маро чунон зер кард, ки... дар пуштораам ҳезум ба поён ғелон шудам. Ҳа, бемуболиға монанди чархи ароба ғелон шудам. Бори пуштам аз ман ҷудо намешуд ва ман дигар зўри онро боздоштан надоштам ва якҷоя мисли чархи ароба ба поён меғелидам. Ҳезум торафт ҳаво гирифта, суръаташ меафзуд, онро харсангҳою буттаҳои калон-калон ҳам боздошта наметавонистанд. Дар кўҳ панҷ қадам ғеледу истед, не агар истода натавонед, коратон бад! Маънии ин гапро фақат кўҳгардон медонанд. Баъди панҷ-шаш қадам чизи ғелон ҳаво мегирад ва то рафт суръати он шиддат ёфта, ҳеҷ чиз онро боздоштан наметавонад. Дар сари роҳ сангҳои дигарро ба ҳаракат оварданашро ба ёд оред!..

пешина
аз 538
навбатӣ