Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
кард. Сонӣ тамоми шаб бедор нишаста, андешиду ба ҳоли модараш раҳм овард. Дилаш гувоҳӣ медод, ки модари бетобаш аз ҳалоки вай ғуссамарг хоҳад шуд.
Вай хеле андешиду худро таскин дод, ки аслан ҳеҷ гапу кори ғам хӯрданӣ рӯй надодааст, фақат дар назари мардуми деҳа дасти духтарро дар хилват доштани мард гап аст, доғ аст. Дар шаҳр агар инро гӯед, балки моро “қафомонда” гӯён механданд. Лекин чӣ илоҷ, бо ин насақи бад дигар дар деҳа сар бардошта гашта наметавонист.
Субҳи содиқ хаёлҳои ботилро аз сари ӯ дур андохт, афкори парешон ва мубҳами вайро ба низом оварду саҳаргоҳ, чашми рӯз накафида, ҳанӯз деҳа аз хоб бедор нашуда буд, ки Занҷир ба роҳ афтод. Дар варақе навишта монд, ки ӯро наҷӯянд, аз паи таҳсили илм ба шаҳр рафт, насиб бошад, рӯзе баргашта меояд, дарак медиҳад. Падару модар ду рӯз ин воқеаро аз наздикони худ низ пинҳон доштаанд. Умедвор будаанд, ки духтар шояд аз карда пушаймон шаваду боз ба хона ояд, беҳуда ӯро бадном накунанд. Баъди он ки аз ӯ дарак нашуд, падар ночор ба хешовандон арзи ҳол намудаст.
Деҳа ин воқеаи ногаҳониро шунида ба мисли орухона важ-важ мекардааст. Марду зан хабари бедарак рафтани духтари Имомалиро сесаду шаст паҳлу гардонида, месанҷидаанд, ба ҳар як гумон даҳ тахмини дигар, илова мебастаанд. Яке мегуфтааст, ки чашмони духтар бесаранҷом буд, дигаре шоҳиди ҳингир-ҳингир хандаи ӯ, сеюмӣ бо кадом ҷавоне ҳамгап диданашро мегуфтаст.
Сараввал ҳукми ҳама бар он будаст, ки ӯ азбаски ҳусну малоҳати назаргир дошт, ба доми фиреби кадом бадкирдоре афтода, ақлу ҳуш аз даст додаасту ҳамроҳи ӯ рафтаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё