Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
ки онро меёбам. Авзоам парешон чӣ кор карданамро надониста, ҳайрон мондам. Кабобфурўш - марди солдидаи буруташ мошу биринҷ асбобҳояшро меғундошт. Парешонии маро дида, ба сўям ду-се бор нигоҳ карду наздиктар омад.
– Ҳа, ошно, ягон чиз гум кардед?
Ман ба рўи вай нигаристаму фаҳмидам, ки чамадонча гум нашудааст. Мардак насиҳаткунон онро бароварда дод.
Соат нўҳ шуд, аммо духтарак наомад. То соати даҳ бо азобе нигарон шудам. Дилам хеле алағда, аз чойхона баромада ба сўӣ хобгоҳи дуюм тохтам. Аз дарвоза дароям, духтар дар ҷои дирӯзааш, дар хараки лаби ҳавз нишаста, китоб мехонад. Ба дари мудир қуфли калон овезон. Ман ранҷидагӣ барин бо маломат ба рўи духтар нигаристам. Кокулони майдабофташ аз ду тараф ба рўи китоб афтода, дар миён рўи сафеду тозааш монанди себи сероби тирамоҳ, ки аз байни баргҳо метобад, дилро ба худ мекашид. Духтарак хушрўй аст. Аксар духтарони Ҳалқасой зебоанд: тозарў, қоматдор, тарҳи рўяшон рост, даҳону бинӣ, чашму абрў бо қалам кашидагӣ барин.
– Салом, дурўғгўй.
– Ассалом. Чӣ дурўғ гуфтаам? – вай оҳиста аз ҷояш хест.
– Охир ман шуморо дар хобгоҳ нигарон...
– Ман ба хобгоҳатон меравам, нагуфтаам.
Дарвоқеъ, чаро ман ўро дар хобгоҳи худамон нигарон истодам? Ғалатфаҳмии худам. Баъд дараки мудири хобгоҳро гирифтаму воқеаи шабинаро ба хотири ў овардам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо