Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Ана, асли мақсадам ҳамин аст! Аммо... қувваи худро ба куҷо сарф карданамро намедонам. Барои ҳамин мӯҳтоҷи Бадалбек барин касонам...»
Кӯчаи пурвалвалаи шаҳр ҳам ошуфтагии ӯро бартараф насохт. Вай имрӯзҳо бештарин ҳангом дар кӯчаҳо пиёдагардӣ дошт, зеро дар хона аҳли хонавода бо ташвишу тараддудҳои ночизи худ ҳар лаҳза ба андешаю хаёлҳои вай халал расонида, оташин мекарданд. Аслан, вай рӯзҳои охир ҳеҷ касро дидан намехост, ҳамгап будан, ҳолҷӯӣ бо шиносон ҳамчун як таомули бекора ӯро ба танг меовард.
Ҳоло вай ҳуштаккашон қадам мезаду бо худ мунозираи ботинӣ дошт: «Ба рафти об нигариста равам ҳам, муқобили ҷараён ҳаракат кунам ҳам, ба ин одамон хуш намеоям. Мехоҳанд, ки пеш нагузарам, як умр монанди онҳо заҳмат кашаму ба як луқмаи ночиз қаноат кунам. Хушмуомила будам, гуфтанд, ки тамаллуқ мекунад, қатъияту дуруштӣ кардам, гуфтанд, ки мағруру худпараст аст. Ҳар чӣ мехоҳед бигӯед, агар осмон дар дастатон бошад, ба сарам партоед, лекин ман бо роҳи худ меравам. Ман кӯр нестам, мебинам кӣ беҳтар зиндагӣ дорад! Монед, ман ба майли худ зиндагӣ кунам.
Рост-дия, то кай нони худамро хӯрда, гапи дигаронро гуфта гардам?..»
Кабир аз ин боб андешида, чунон ғарқаи баҳри хаёлу орзуҳо шуд, ки оқибат худро сардори идораи бошукуҳе дид, ки фаршаш ҳама қолинпӯш, мизу курсиҳои нарм дошт, рӯи мизи пешгоҳ қатори телефонҳо. Ӯ тугмаеро пахш мекунаду котибаи хушсурату нозукадо «лаббай»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё