Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агар шахси сеюм аз он огоҳ бошад, тамоми зебоию назокати он меравад, он ба воқиаи оддию беранги муқаррарӣ мубаддал мешавад.
Он шаб то хеле вақт хоби Занҷир набурд. Ҳар лаҳза паҳлу мегашту аз равзани хайма ба дили торикӣ менигарист, шаҳболи хаёл ӯро бардошта, ба соҳили сойи пурталотум мебурд. Ду дасти Довар аввал кафи дастонашро месӯхт, баъд сарашро, дилашро, тамоми вуҷудашро оташ мезад. Дар хомӯшии ин шаби махмалин оқибат вай иқрор кард, ки оташи муҳаббат дилу ҷонашро месӯзад. Занҷир ғайриихтиёр пичиррос зад:
— Ана, муҳаббат чӣ хел будаст!
Акнун, баробари нахустин сабзаи нимранги ишқ дар дили ӯ тарсу ҳаросе хона гирифту аз чашмонаш хобро бурд. Занҷирро аз як тараф лаззати ин диду водид, аз ҷиҳати дигар тарси аз даст додани ин хушбахтии бемисл дар шиканҷа медошт. «Не ман лоиқи ӯ нестам, чи кори савобе кардаам, ки қисмат дар подошаш ӯро насиби ман кард?!. Ҳеҷ бовар намекунам...» мегуфт ӯ худ ба худ пичиррос зада.

  1. Дилсӯзӣ

Пагоҳӣ хобгоҳи шоҳибофон пурвалвала буд.
Духтарон пуршитоб ва саросема шустушӯй доштанд, наҳорӣ мешикастанд, сарулибос мепӯшиданд, дар назди ҳар як оина ду-се каси ғун шуда, ба созу бози худ машғул буданд.
То пардози афту андомашонро ба субот расонидани Иринаю Салима, одатан, Занҷир чой ё қаҳва дам

пешина
аз 538
навбатӣ