Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Хобатона ба об гӯед!.. Беадаб!
Борон қатъ ёфта, ҳоло бод абрҳоро меронд. Дар талу теппаҳо торикии нофармонтоб мефуромаду атроф сеҳрангез ҷилва менамуд.
— Ҳамроҳ равем, одамон чӣ мегӯянд? — хавотиромез, пурсид Занҷир.
— Ҳар чӣ хоҳанд, бигзор, гӯянд. Ман эълон мекунам, ки номзади ман гаштаед ва баъди алафдаравӣ — тӯй!
— Илтимос, ин корро накунед, — хоҳиш кард Занҷир. — Пеш аз пода чанг бардоштан чӣ лозим? — Ӯ гиребонашро кашида куртаи тари ба танаш часпидаро ҷудо кард.
— Пеш аз пода не, хостгорони ман ба ҳавлиатон рафта буданд, то ки шинос шаванду..
— Наход?
— Ман кайҳост, ки шуморо дӯст медорам. Шумо товуси маст барин аз ҳусни худ мағрур, ба атрофатон нанигаред, ман чӣ кунам?!
— Рӯякатон сафед, воҳимачӣ! — гуфт Занҷир бо як навъ адои ширин. — Ба ҳар ҳол, ман пештар меравам.
Рости гап, аз ғайбату тӯҳмат метарсам. Ба шумо бовар мекунам, аммо... — Дар нисбати забон нигоҳҳои онон ҳоло бештар ва гӯётар гуфтугузор доштанд.
— Хуб, равед. Натарсед, дар паси ҳамин тал манзили мо. Ман тарона мехонам. — Сонӣ аз қафо хитоб кард:
— Занҷир... мо ин ҷойҳоро як умр зиёратгоҳ мекунем, ҳар замон омада, муҳаббати ҷавониамонро ба ёд оварда меравем, — гуфт ӯ гӯё Занҷир ин орзуи ӯро нашунида гурехта мерафта бошад, шитобон, бо овози баланд.

пешина
аз 538
навбатӣ