Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
зӯр мезаду ба гардани тари асп овезон мегашт, ба зини борбастагӣ савор шуда наметавонист. Вай бо умеди баландие атрофро нигарист, аммо ҷойи мувофиқ набуд.
Дар ин миён Довару Оля аз сой гузаштанд. Довар ҳоли Занҷирро акнун пай бурда буд ва аз бепарвоии худ хиҷил гашта, ба канори об омада, фарьёдзанон маслиҳат дод:
— Арғамчинро ду қат карда, ликеб кунеду як тарафашро барои пой мондан ба ҷониби худ кашол монда, ҷониби дигарашро бо дастатон доред! Ана, ин хел, ба ман нигаред, — ҷавон ин усули аспсавориро амалан нишон медод.
Борон ҳоло аз шиддат монда, аз элак бехтагӣ барин шибитак меборид. Оля ба роҳ афтода оҳиста-оҳиста мерафт. Довар эътимод ҳосил кард, ки Занҷир танҳо худаш ба аспи борбаста савор шуда наметавонад, аспашро савор шуду баргашта, аз селоб гузашт. Ӯ зуд арғамчинро ликеб карду болои зин андохт ва як тарафашро бо як дасташ сахт дошта истод. Занҷир хиҷил ва музтариб як пояшро ба ликеб монда, бо дастонаш аз ёли асп сахт дошту худро ба рӯи зини асп гирифтан хост, аммо ноомоди кор гирифту арғамчин якбора канда шуд ва агар Довар намебуд, ӯ рӯболо ба замини лой меафтод.
— Занҷир, бед, савор кунам, — хоҳиш кард Довар.
Ин лаҳза аз дилаш мегузашт: «Чи хел духтари зебо нотавониаш ҳам, шарму изтиробаш ҳам, атри мӯйи, тараш ҳам дилнишин, ҳаяҷонбахш...»
— Чӣ хел? — матлаби ӯро нафаҳмид Занҷир ва саволомез ба чашми ҷавон нигарист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё