Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Занҷиру Оля бо навбат сатилро аз оби чашма пур карда ба Довар медоданду вай обро ба чобадо мерехт.
Азбаски барои як худи Довар ба асп бор кардани ду чобаи пуроб мушкил буд, ӯ онҳоро ба замин нагирифта дар болои асп пур мекард.
Дар бозгашт аз лаҷоми аспҳо гирифта, турнақатор пиёда мерафтанд: Оля пешопеш, аз қафои вай — Занҷир, баъд — Довар. Офтоб дар паси теппаҳо ғуруб мекард магар, ҳавои абрнок якбора тира шуд. Ба назар чунин менамуд, ки абрҳо аз рашк ба ин мулоқоти онҳо осмонро сахт бастаанд.
— Занҷир, шумо чанд додару хоҳар? — мепурсид Довар. Баъд фарзанди нахусти оила будани ӯро фаҳмида: — Яъне, нозпарвард!.. Аммо нозпарвардиатон маълум не.
— Ку нозбардор? — даҳонашро бо дасташ пӯшида хандид Занҷир. — Ба ин мардум ноз карда мешавад?!
Тундар якбора болои сари онҳо тараққос заду ҳама як қад париданд. Занҷир аз ҳавл ба гиребонаш туф кард.
Гӯё миёни тоқати осмон шикаста бошад, тароқутуруқи он пай дар пай бо қатраҳои борон омехта дар як лаҳзаи кӯтоҳ ҳар се нафарро шип-шилта кард. Паноҳгоҳе набуд, дар ин талу теппаҳо на шаху на дарахтеву буттае.
Онҳо ночор ба роҳи худ давом доштанд. Азбаски ҳаво гарм буд, ҳама тани курта буданд. Куртаю шалвори Занҷир ҳоло тар шуда, ба танаш часпида, ӯро дилтанг мекард. Вай дар ин сурат ба чашми мардон ҳаргиз намудан намехост, бинобар он дам ба дам домани куртаашро мекашид, кӯшиш мекард, ки аз Довар дуртар равад, аммо ҷавон аз вай ҷудо намешуд. Борони баҳорон бо шиддати тамом меборид. Аз ҳар тараф ҷӯйчаҳо равон мешуданд.

пешина
аз 538
навбатӣ